БИЗНЕС-КЛУБApple моделҳои хурдтарро истеҳсол намекунад

Apple моделҳои хурдтарро истеҳсол намекунад

-

Мухлисони смартфонҳои iPhone mini ноумед хоҳанд шуд. Рӯзноманигори Bloomberg Марк Гурман изҳор доштааст, ки Apple истеҳсоли моделҳои хурдтарро дар нақша надорад. Дар ин бора нашрияи MacRumors хабар медиҳад.

Apple истеҳсоли iPhone 13 mini-ро дар моҳи сентябри соли 2023 қатъ кард ва аз он ба баъд моделҳои mini дигар истеҳол нашуданд. Интизориҳо дар бораи истеҳсоли iPhone 17 mini дар соли ҷорӣ амалӣ нашуданд.

Пас аз қатъ гардидани истеҳсоли iPhone SE насли сеюм дар моҳи гузашта, Apple дигар моделҳои нави iPhone-ро бо андозаи экрани камтар аз 6 дюйм пешниҳод намекунад. Ҳама моделҳои iPhone 15 ва iPhone 16, ки Apple ҳоло мефурӯшад, экранҳои 6,1 то 6,9 дюймӣ ҳастанд. iPhone SE-и охирин экрани 4,7-дюйма дошт.

Гарчанде ки як гурӯҳи фаъоли харидорон вуҷуд доранд, ки баргаштани iPhone mini-ро мехоҳанд, тибқи маълумоти таҳқиқоти маркетингӣ, модели хурдтар ба қадри кофӣ хуб фурӯхта нашуд, то ширкат пешниҳоди онро идома диҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад