ОЛАМИ МАҶОЗӢSkype дар моҳи майи соли 2025 аз байн меравад

Skype дар моҳи майи соли 2025 аз байн меравад

-

Дар нусхаи охирини Skype паёме вуҷуд дорад, ки ин василаи иртиботӣ дар моҳи майи соли 2025 баста мешавад.

Нусхаи охирини  Skype барои Windows дорои сатре бо паёми зерин аст, ки «аз моҳи май Skype дигар дастрас нахоҳад буд. Занг задан ва мукотиба карданро дар Teams идома диҳед.»

Ширкати Microsoft то ҳол вазъро шарҳ надодааст ва дар бораи нақшаҳои бастани ин хадамоти машҳур чизе нагуфтааст.

Skype соли 2003 ба фаъолият оғоз кард ва солҳои тӯлонӣ маъмултарин хадамот барои мубодилаи паёмҳо боқӣ монд. Microsoft Skype-ро соли 2011 ба маблағи 8,5 миллиард доллар харидорӣ кард ва кӯшиш намуд, ки онро барои Windows, Windows Phone ва Xbox ҳамгиро кунад.

Солҳои охир таваҷҷӯҳ ба Skype коҳиш ёфт. Microsoft натавонист онро дар давраи пандемия рақобатпазир гардонад ва бисёре аз корбарон ба платформаҳои муосиртар гузаштанд.

Microsoft таҷрибаи Skype-ро барои эҷоди хадамоти корпоративии худ Teams истифода бурд, аммо корбарии Teams ва Skype ба таври назаррас фарқ мекунад.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад