МУВАФФАҚИЯТСҶТ: барои таҳияи сигор 600 миллион дарахт бурида мешавад

СҶТ: барои таҳияи сигор 600 миллион дарахт бурида мешавад

-

https://www.who.int/campaigns/world-no-tobacco-day/2022

Тибқи иттилои ахири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, барои омода кардани сигор 600 миллион дарахт бурида мешавад ва 84 миллион тонна партовҳои CO2 ба ҳаво паҳн мегардад. Инчунин барои истеҳсоли сигор 22 миллиард тонна об масраф мегардидааст.

Таъсири зиёновари саноати тамоку ба муҳити зист зиёд буда, ба захираҳои бе ин ҳам камёб ва экосистемаҳои нозук дар сайёраи мо фишори нолозим меорад.

Тамоку ҳар сол беш аз 8 миллион нафарро мекушад ва муҳити зисти моро хароб мекунад ва ба саломатии инсонҳо зарари бештар мерасонад.

Тамоку ба муҳити зист зарар мерасонад. Парвариш, истеҳсол ва истифодаи тамоку об, хок, соҳилҳо ва кӯчаҳои шаҳрҳоро бо моддаҳои кимиёвӣ, партовҳои заҳролуд, қуттиҳои сигор заҳролуд мекунад.

Панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии тарки тамокукашӣ қайд мешавад. Маншаъи ин ҷашн  ба соли 1977 бармехӯрад, ки Ҷамъияти саратоншиносии Амрико омори гирифторони саратонро дар натиҷаи тамокукашӣ омӯхта, онро ҷомеа кард.

Таъсири манфии тамокукашӣ ошкор аст ва аксарият онро як одати бад медонанд. Бо вуҷуди ин, танҳо шумораи ками одамон метавонанд бо вобастгаии никотин мубориза баранд.

Сарфи назар аз таблиғоти фаъолона, аҳамияти таъсири зараровари онро ба саломатӣ на ҳама дарк мекунанд.

Дуди тамоку бисёр бемориҳоро ба вуҷуд меорад. Тибқи таснифи байналмилалии бемориҳо, ки соли 1999 эътибор пайдо кардааст, вобастагӣ аз тамоку расман ҳамчун беморӣ эътироф шудааст. Хавфи ичтимоии тамокукашӣ на танҳо зарар ба саломатии тамокукаш ва наздикони ӯ, балки дар он аст, ки тамокукашӣ метавонад ибтидои роҳи даҳшатноктар бошад.

Тибқи таҳқиқотҳои сершумор, паёмади бештари маргумир аз тамокукашӣ, машрубот, маводи мухаддир, ВНМО ва садамаҳои автомобилӣ аст.

Истифодаи тамоку бемории ишемияи дил, сактаи мағзи сар ва бемориҳои рагҳои перифериро меафзояд. Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҳамасола бемории дилу раг дар саросари ҷаҳон тақрибан 17,9 миллион нафарро аз байн мебарад.

Олимони олмонӣ робитаи байни тамокукашии волидайн ва нафастангӣ дар кӯдакони чунин оилаҳоро муайян кардаанд. Хавфи пайдо шудани бемориҳои роҳи нафас дар оилаи тамокукашон дучанд мешавад. Ҷисми кӯдак ҳассос аст. Ҳар қадаре, ки ӯ хурд бошад, дуди тамоку ба ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамасола 65 000 кӯдак аз бемориҳои марбут ба тамокукашӣ мефавтанд. Нафаскашии дуди тамоку боиси паст шудани масъуният, афзоиши бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, бемориҳои системаи асаб, бемориҳои системаи дилу рагҳо ва саратон мегардад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад