ОЛАМИ МАҶОЗӢЧин алайҳи Google санҷиши зидинҳисориро оғоз кард

Чин алайҳи Google санҷиши зидинҳисориро оғоз кард

-

Дар посух ба баланд бардоштани боҷҳои амрикоӣ, Чин алайҳи ширкати Google таҳқиқоти зиддиинҳисориро оғоз кард. Дар ин бора  Идораи давлатии танзими бозори ҶХХ  хабар дод.

Ҳарчанд хадамоти ҷустории Google аз соли 2010 дар Чин баста шудаанд, таҳқиқот метавонад ба дигар муносибатҳои тиҷоратии ширкат бо шарикони чинӣ таъсир расонад. Таҳқиқот бо мавқеи бартаридоштаи Android дар бозор ва зарари эҳтимолӣ, ки он метавонад ба истеҳсолкунандагони чинии телефонҳо, аз қабили Oppo ва Xiaomi расонад, алоқаманд аст. 

Эълони таҳқиқот амалан ҳамзамон бо эътибор пайдо кардани таърифҳои 10-фоизае сурат гирифт, ки президент Трамп ба молҳои чинӣ ворид кардааст. Ин аллакай дуввумин таҳқиқоти зиддиинҳисорист, ки Чин алайҳи ширкатҳои технологии амрикоӣ дар вақтҳои охир оғоз кардааст: дар моҳи декабри соли 2024 таҳқиқоти шабеҳ алайҳи Nvidia оғоз шуда буд. 

Ҳамзамон бо ин, ҳукумати Чин эълом дошт, ки ба як қатор молҳо аз ИМА боҷҳои иловагӣ ворид мекунад. Ҳамин тавр, барои ангишт ва газ боҷи 15-фоиза муқаррар карда мешавад ва барои нафти хом, таҷҳизоти кишоварзӣ, мошинҳои калони сабукрав ва пикапҳо 10%.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад