ҲАЁТИ СОЛИМДар ВМКБ Академияи футбол бунёд хоҳад шуд

Дар ВМКБ Академияи футбол бунёд хоҳад шуд

-

3 феврал. Вохӯрии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳо. Акс аз саҳифаи фейсбукии ФФТ
«Бисёре аз варзишгоҳҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ то ҳол дар ҳолати ногувор қарор доранд.»,- ин нуктаро дирӯз, 3 феврал Президенти Федератсияи футболи кишвар Рустам Эмомалӣ ёдрас намуданд.
Бинобар ин, Рустам Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ ва ҳамзамон роҳбари ФФТ ба ширкати «ТАЛКО» дастур додааст, ки чамани варзишгоҳи шаҳри Турсунзодаро пурра ба гибридӣ иваз кунад ва ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки дар варзишгоҳи КМВА воқеъ дар Душанбе рӯшноӣ ва чамани сунъӣ насб намояд.
Ширкати «Барқи Тоҷик» муваззаф шуд, ки дар Ҳисор пойгоҳе барои бошгоҳи футболи «Барқчӣ» бунёд намояд, ки он ҷойгоҳи асосии тамрини бозигарони тими мунтахаби ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон аст.
Пешниҳод шудааст, ки дар ВМКБ барои омода кардани футболбозони наврас Академияи футбол сохта шавад. Ба ин хотир, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш гирифтааст, ки дар мувофиқа бо ФФТ дар яке аз шаҳру навоҳии ВМКБ Академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд намояд.
Раиси ФФТ аз намояндагони бонкҳои Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар самти дастгирии футбол фаъол бошанд ва аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, ки кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, дастгирӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки 3 феврал дар шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин аҳли ҷомеаи футболӣ мулоқот доир карда, ин соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Президенти ФФТ дар оғози ҷаласа баромади муваффақи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар, ки онҷо даста ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт, қайд карда, бозии дастаи мунтахаби футзал дар Ҷоми Осиё-2024 дар Таиландро низ ишора намудаанд, ки тими мо ба чаҳоргонаи беҳтаринҳо ворид гардид ва бори аввал дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон-2024 ширкат кард.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад