ОЛАМИ МАҶОЗӢАмрикову Чин дар даҳгонаи кишварҳои осебдида аз ҳамлаҳои сайберӣ

Амрикову Чин дар даҳгонаи кишварҳои осебдида аз ҳамлаҳои сайберӣ

-

Соли 2024 аз рӯи шумораи ҳамлаҳои сайберӣ рекорди нав гузошта шуд ва шумораи ин ҳамлаҳо нисбат ба як соли пеш (2023) 108% афзудааст. Дар ин бора ширкати StormWall хабар медиҳад.

Дар садри рейтинг ИМА қарор дошта, 14,3%-и ҳамлаҳо ба ин кишвар рост омадаанд. Дар мақоми дуюм Чин (12,8%), дар зинаи сеюм Ҳиндустон (10,2%) ҷой гирифтаанд.

Афзоиши якбораи ҳамлаҳо ба ИМА моҳи ноябр дар робита бо интихоботи президентӣ мушоҳида шуда, осебпазирии кишварҳоро дар арафаи рӯйдодҳои бузурги сиёсӣ нишон медиҳад.

Дар панҷгонаи аввал ҳамчунин Британияи Кабир (9,8%), Фаронса (9,2%) ва Олмон (8,4%) низ ворид шудаанд, ки афзоиши ҳамлаҳо дар онҳо қисман бо интихобот дар парлумони Аврупо алоқаманд будааст.

Аморати Муттаҳидаи Араб (8,1%) аз ҳамлаҳои ҳадафмандона ба соҳаҳои молиявӣ, тафреҳӣ ва чакана осеб дидааст. Дар даҳгонаи кишварҳои бештар ҳамлашуда Сингапур (6,8%), Исроил (5,4%) дохиланд. Русия дар ин раддабандӣ мақоми ҳаштумро ишғол намуда, 7,3%-и ҳамлаҳо ба ин кишвар рост омадааст.

Украина дар мақоми 12-ум (2,6%) ҷойгир аст. Афзоиши ҳамлаҳои сайберӣ дар ҷаҳон ҳам бо рушди технологияҳо ва ҳам бо бад шудани вазъи геополитикӣ алоқаманд донистаанд

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад