ОЛАМИ МАҶОЗӢApple: маълумоти Siri-ро ба касе пешниҳод накардем!

Apple: маълумоти Siri-ро ба касе пешниҳод накардем!

-

Ширкати Apple овозаҳоро дар бораи онки гӯё ягон вақт маълумоти корбаронеро, ки бо ёрии ёвари овозии Siri ба даст омадаанд, ба рекламадиҳандагон пешниҳод карда бошад, рад кард. Дар изҳороти расмӣ Apple принсипҳои кори Siri ва коркарди маълумотро ба таври муфассал шарҳ додааст. Дар ин бора нашрияи The Verge хабар медиҳад.

Дар изҳорот ширкат таъкид мешавад, ки «Apple ҳеҷ гоҳ маълумоти Siri-ро барои эҷоди профилҳои маркетингӣ истифода накардааст, ҳеҷ гоҳ онро барои таблиғ пешниҳод накардааст ва ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас барои ҳеҷ гуна мақсад нафурӯхтааст. Мо пайваста болои технологияҳое кор мекунем, ки махфияти Siri-ро баланд мебардоранд ва ин корро идома хоҳем дод.»

Ин овозаҳо дубора пас аз он пайдо шуданд, ки Apple розӣ шуд то ба маблағи 95 миллион доллар дар доираи ҳалли даъвое, ки бо сабти гуфтугӯҳои корбарони Siri ва имкони дастрасии кормандони ширкат ба онҳо алоқаманд аст, пардохт кунад. Ҳарчанд ин созишнома ба ҳодисае дахл дорад, ки The Guardian дар соли 2019 тавсиф кардааст. Пас аз нашри мақолаи The Guardian дар соли 2019, Apple узр пурсид ва сиёсати махфиятро тағйир дод. Ҳоло Siri ба таври пешфарз сабтҳои аудиоиро нигоҳ намедорад ва барои корбароне, ки имкони нигоҳдории сабтҳоро интихоб кардаанд, сабтҳо ба пудратчиёни сеюм фиристода намешаванд.

Apple дар изҳороти худ қайд кард, ки сабтҳои аудиоии ҳамкорӣ бо Siri танҳо бо розигии ошкори корбар барои беҳтар кардани кори Siri нигоҳ дошта мешаванд ва ҳатто дар ин ҳолат низ онҳо танҳо барои ҳамин мақсад истифода мешаванд. Корбарон метавонанд ҳар лаҳза аз нигоҳдории сабтҳо даст кашанд.

Ахиран Додгоҳе дар аёлати Калифорнияи Амрико ширкати Apple-ро вазифадор кард, ки ба даҳҳо миллион муштарӣ дар умум 95 миллион доллар бипардозад.

Додрас барномаи “Siri”, ёвари садоии дастгоҳҳои Apple-ро ба ҷосусӣ ё хабаркашӣ алайҳи корбарон гунаҳкор донист. Ҳукм рӯзи 2-юми январ содир шуд.

Баррасии шикояти муштариён панҷ сол давом кард. Ширкат ҳукмро шарҳ надодааст, вале раҳбари кулли он Тим Кук дар гузашта гуфта буд, ки ҳифзи иттилооти муштариён ва ҳуқуқи инсон аз авлавиятҳои кори онҳост.

Корбарони iPhone, яке аз маҳсулоти сохтаи Apple, гуфтаанд, ки баъди тасодуфан ба кор бурдани “Siri” ҳама суҳбатҳои онҳо сабт шуд. Танҳо баланд гуфтани ибораи “ҳей, Siri” кофист, ки барнома фаъол гардад.

95 миллион доллар бо даромади 9-соатаи ширкати Apple баробар будааст. Даромади холиси ин ширкат дар соли 2024-ум 94 миллиард долларро ташкил дод.

Аризаи ба ин монанди шикоятӣ алайҳи ёвари садоии ширкати Google ҳам дар як додгоҳи Калифорния баррасӣ мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад