БИЗНЕС-КЛУБӮзбекистон узви СУС мешавад. Вале кай?

Ӯзбекистон узви СУС мешавад. Вале кай?

-

Ӯзбекистон барои ба даст овардани узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо боз як қадами дигар гузошт. 24 декабри соли 2024 ба Кодекси андози ин кишвар тағйирот ворид карда шуд, ки андозаи аксизҳоро барои маҳсулоти тамоку ва спиртии воридотию ватанӣ ба таври назаррас наздик мекунад.

Ин қадами Ӯзбекистон яке аз талаботҳои пайвастани кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад, ки шомилшавӣ ба он бояд дар Камерун ҳангоми конфронси 14-уми вазирон, ки дар аввали соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, сурат бигирад.

Коҳиш додани фарқ дар аксизҳо барои молҳои воридотӣ ва ватанӣ барои эҷоди муҳити рақобатпазир пешбинӣ шудааст. Аз 1 январи соли 2025 фарқи аксизҳои воридотӣ нисбат ба маҳсулоти ватанӣ дар ин кишвар ҳамагӣ 10% зиёдтар аст (дар соли 2024 ин тафовут 30%-ро ташкил медод).
Ӯзбекистон, ки раванди шомилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро (СУС) дар соли 2020 пас аз танаффуси 15-сола аз сар гирифт, ният дорад онро дар ин сол ба анҷом расонад ва дар аввали соли оянда ба созмон ворид шавад.

Пас аз эълони истиқлолият дар соли 1991, Ӯзбекистон дар соли 1994 корҳоро оид ба шомилшавӣ ба СУС оғоз кард. Дар доираи ин, дар соли 1998 Ӯзбекистон ва СУС гурӯҳи музокираро барои ҳамоҳангсозии раванди шомилшавии кишвар ба созмон таъсис доданд.

Дар он давра, раванди шомилшавӣ бинобар ихтилофҳое, ки бо интиқоди Ғарб оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва демократия дар Ӯзбекистон алоқаманд буданд, суст пеш мерафт. Гурӯҳи музокира дар муддати солҳои 1998-2005 ҳамагӣ се маротиба ҷамъ омад.

Пас аз ҷаласаи сеюм дар соли 2005, Ӯзбекистон аслан музокирот оид ба узвият дар СУС-ро мутаваққиф кард.

Вазъ пас аз он тағйир ёфт, ки Шавкат Мирзиёев дар моҳи декабри соли 2016 президенти кишвар интихоб шуд. Роҳбари нав ислоҳоти сиёсати хориҷиро оғоз кард ва барқарорсозии муколамаро бо СУС оғоз намуд.

 Тоҷикистон 2 марти соли 2013  узви комилҳуқуқи СУС гардида буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад