МУВАФФАҚИЯТСармураббии футзал: бо Панама танҳо барои пирӯзӣ бозӣ...

Сармураббии футзал: бо Панама танҳо барои пирӯзӣ бозӣ мекунем

-

Пайрав Воҳидов, cармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон  натоиҷи ду бозии дастаро бо тимҳои миллии Марокаш (2:4) ва Португалия (2:3) дар оғози Ҷоми ҷаҳон-2024 шарҳ додааст. 
Ин мураббӣ гуфтааст, бозии аввал бо тими миллии Марокаш душвор буд. Ин баромади аввалини дастаи мо дар чемпионати ҷаҳон буд ва дар дақиқаҳои аввал як андоза ҳаяҷон эҳсос мешуд. Марокаш дастаест, ки суръати тез дорад. Аммо сарфи назар аз ин, агар ба омор назар кунем, мо ҳам бад набудем. Тими мо дар вохӯрии 50 зарба зад, ки аз ин 24-тоаш зарбаи мустақим сӯйи дарвоза аст. Марокаш 24 зарба – 14 зарбаи мустақим. Дар ин гуна нерӯсанҷиҳо маҳорати инфиродии бозигарон нақши калон мебозад. Мо аз имкониятҳои худ истифода бурда натавонистем. Дар футзал касе, ки камтар хато мекунад ва бештар гол мезанад, ғолиб мешавад.
Вохӯрии дуюм бо қаҳрамонҳои феълии ҷаҳон – яккачини Португалия низ душвор гузашт. Новобаста аз мағлубият, бачаҳои мо хеле хуб бозӣ карданд. Бозигарон аз рӯйи нақшае, ки мо пеш аз рақобат гуфта будем, кор карданд. Кӯшиш кардем, ки фишор оварем, то ҳамлаи ҳарифро душвор созем. Дар нимаи аввал мо бо ҳисоби 0:2 шикаст мехӯрдем, аммо дар қисми дуюм беҳтар бозӣ карда, ду гол задем. Офарин ба бачаҳо, онҳо то садои ҳуштаки ниҳоӣ мубориза бурданд. Умуман, футзалбозони мо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки то охир бозӣ кунанд ва ин маро хеле шод мекунад.
Акнун ба рақобати ҳалкунанда бо дастаи Панама омодагӣ мебинем. Рақиби сода нест. Бояд ҳарифро хуб таҳлил кунем – нуқтаҳои заиф ва қавиро муайян созем. Дар ин бозӣ мо танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард. Имкони аз гурӯҳ баромаданро дорем. Агар мо ба даври 1/8 ниҳоии чемпионати ҷаҳон роҳ ёбем, ин рӯйдоди наҷиб барои тамоми кишвар маҳсуб хоҳад ёфт.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад