МУВАФФАҚИЯТЭҳсонкорӣ зери ниқоб

Эҳсонкорӣ зери ниқоб

-

Манучеҳр Гадоев суратгир, наворбардор, танзимгар буда, корҳои графикӣ низ анҷом медиҳад. Ӯ худро блогер муаррифӣ мекунад ва кораш дар ин ҷода хушнуд кардани мардум аст.

Манучеҳр аз соли 2017 ба блогерӣ рӯй овард ва муҳтавои гуногун истеҳсол менамояд. Чанде пеш бо роҳнамоии ҳамкораш Ҳусниддин, ки саҳифаи Zabir.tj-ро мудирият мекунад, аввалин навори хушҳолкунандаро таҳияву нашр кард. Навори мазкур аз он қисса мекунад, ки соати 3-и шаб бачаҳо ба роҳрӯбони пойтахт ғизо мерасонанд.

Манучеҳр дар кӯчаҳои Душанбе бо либоси махсуси хушнудкунанда, ки одатан дар марказҳои дилхушии кӯдакон дида мешавад, хурду бузургро шод месозад. Ӯ ба мардум ширинӣ тақсим мекунад, онҳоро ба оғуш мегирад, аксбардорӣ менамояд, мерақсад, ёрӣ медиҳад. Моҳи Рамазон дар кӯчаҳо ба мардум тухм тақсим карда буд.

Навори аз ҳама машҳури Манучеҳр он буд, ки аз нуқтаи “Hot-Dog”-фурӯшӣ Hot-Dog харидорӣ ва ба фурӯшанда дароз карда, пешниҳод мекунад, ки пули ғизоро мегирад ё бар ивазаш қуттии рамзиро? Фурӯшанда қуттиро интихоб мекунаду баъди кушодан шоколадро мебинад.

 “Ман кӯшиш кардам, ки дар қуттии рамзӣ ончиро гузорам, ки аз арзиши маҳсулоти харидоришаванда бештар қимат дошта бошад то табъи мардум болидатар гардад.”, — илова мекунад Манучеҳр.

Манучеҳр дар таҳияи наворҳояш харҷ дораду фоидаи молӣ ба даст намеорад. Умедвор аст, ки бо беҳтар шудани сифат ва муҳтавои наворҳояш сарпарасте пайдо мегардад.

Ба наворҳои Манучеҳр аксарият шарҳи хуб менависанд. 

“Ман аз он хурсандам, ки ба мардум хушҳолӣ мебахшам. Кӯшиш менамоям мавзӯҳои муҳими иҷтимоиро интихоб кунам. Масалан, навори охири мо аз зиёни қиморбозӣ мегӯяд. Ман дар навор, ки як дақиқа аст бо сад сомонӣ 100 адад лото харидорӣ ва як-як мекушоям, ки ҳамагӣ 48 сомонӣ бурд мекунаму халос.”,- меафзояд ҳамсуҳбати мо.

Манучеҳр мегӯяд, ки вазъи ютуберон аз моҳи март инҷониб бад шуд, зеро, шабакаи YouTube пулкоркуниро аз ҳисоби ин манбаъ барои блогерон мутаваққиф кард. Ба бовари ӯ, ин ҳолат ба муҳтаво низ таъсир мерасонад.

Манучеҳр донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст. Манбаи даромадаш аккосӣ, кори дизайни графикӣ аст.

Ӯ ба блогерони навкор тавсия медиҳад, ки соҳаро омӯзанд, халоро пайдо ва сипас қадам бардоранд.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад