ҲАЁТИ СОЛИМҚадрдонии варзишгарон: мукофоти давлатӣ, хона, мошин, 200 ҳазор сомонӣ

Қадрдонии варзишгарон: мукофоти давлатӣ, хона, мошин, 200 ҳазор сомонӣ

-

Ҷамъи туҳфаҳо ба ҳар як варзишгар

14 август дар Қасри миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфт.

Ҳар як ҷоизадори бозиҳои олимпии Париж соҳиби мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ — Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид.

Болтаев Давлат Рустамович, узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс, Раҳимов Темур Бахтиёрович, узви дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо, Маҳмадбеков Сомон, узви дастаи мунтахаби мамлакат оид ба гӯштини ҷудо ва Маҳмадзоир Исмоил — президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ба Болтаев Давлат, Маҳмадбеков Сомон ва Раҳимов Темур аз ҷониби шаҳрдорӣ хона тақдим гардид.

Аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар пойтахти Фаронса — шаҳри Париж Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ баргузор шуд.

Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш ворид гардида, 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар он иштирок карданд.

Тоҷикистон бо се медали биринҷӣ миёни 206 давлати иштирокдор мақоми 79-умро касб кард.

Аксҳо аз сомонаи https://www.president.tj/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад