ОЛАМИ МАҶОЗӢДуздии сири тиҷории Google аз ҷониби шаҳрванди Чин

Дуздии сири тиҷории Google аз ҷониби шаҳрванди Чин

-

Як шаҳрванди Чин дар Амрико бо гумони дуздии маълумоти марбут ба зеҳни сунъӣ аз Google боздошт шудааст. Дар ин бора Вазорати адлияи ИМА изҳорот пахш кардааст.

Бар асоси иттиҳом, Лингвей Дин, як шаҳрванди 38-солаи чинӣ, ки дар Калифорния зиндагӣ мекунад, сирри тиҷоратии Google ва дигар маълумоти махфии марбут ба фанновариҳои зеҳни сунъиро ба ҳисоби абрии шахсии худ интиқол додааст. Ният доштааст, ки пинҳонӣ ба ширкатхои РХХ фиристад, ки дар ҳамин соҳа ба тадқиқот машғуланд. Дар маҷмӯъ, гумонбар тавонистааст тақрибан 500 бастаи махфиро ба даст овардааст.

Директори FBI Кристофер Врей гуфтааст, «айбномаҳои имрӯза як мисоле навест, ки филиалҳои ширкатҳои чинӣ барои дуздии навовариҳои Амрико машғуланд. Дузди технологияҳои инноватсионӣ ва сирри тиҷоратӣ аз ширкатҳои амрикоӣ метавонад барои ҷойҳои корӣ арзиш дошта бошад ва оқибатҳои харобиовари иқтисодӣ ва амнияти миллӣ ба бор орад.»

Гуфта мешавад, ки Линвей Дин аз соли 2019 расман ба ҳайси муҳандиси нармафзор дар Google кор мекард ва ҳамзамон бо ду ширкати чинӣ, ки дар соҳаи AI кор мекунанд, ғайриқонунӣ ҳамкорӣ доштааст.

Дар сурати собит шудани гуноҳи Дин то 10 соли зиндон ва то 1 миллион доллар ӯро ҷарима таҳдид мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад