МУВАФФАҚИЯТПайваста ҳазорон рангҳоро ба ҳам мепайвандад

Пайваста ҳазорон рангҳоро ба ҳам мепайвандад

-

Пайваста Ҷаббороваи 19-сола  дар ин син аллакай миёни мардум қуроқдӯзи касбӣ шинохта шудаву устоди даҳҳо нафар гаштааст. Ҳунари қуроқдӯзиро аз падараш омухтааст. Ҳануз дар 14-солагӣ ба буридану духтани матоъ шуруъ кардааст. Пайваста сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст.

Пайваста меӯяд, интихоби рангу матоъ ва дуруст пайваст кардани онҳо аз нозукиҳоиин навъи ҳунар аст, ки барои рақобатпазир гардидани дастранҷ ҳатман бояд риоя шавад.

Ҳуҷраи кории ин духтари ҷавон бо чодарию курпача ва болиштҳои қуроқии зебои омодакардаи худу падараш ороиш дода шудааст. Ҳар харидоре, ки меояд, онҳоро дида рангу матоъро интохоб карда фармоиш медиҳад. 

«Агар бештари ҳунармандон қуроқу курпадӯзӣ ва дигар нозукиҳои ин санъатро аз модар омӯхта бошанд, ман аз падар ёд гирифтам. Ба андешаи ман ҳар як духтар бояд дорои чунин ҳунарҳо бошад, зеро, дар хона метавона даромад ба даст овард.»-таъкид мекунад Пайваста.

Бештари муштариёни ин ҳунарманди ҷавон навхонадорон ҳастанд. Чодарию курпачаҳои рангоранг ва дигар ҷиҳози лозимаро фармоиш медиҳанд.

«Маҳз ҳамин ҳунар маро ба маркази вилоят шаҳри Бохтар, Душанбе ва вилояти Суғд бурд. Мардум қуроқиҳоро дида, хуш қабул мекунанд.»,-нақл мекунад П. Ҷабборова.

Пайваста Ҷабборова курта ва ҷомаҳои кӯдакона низ таҳия мекунад ва дар бозори ноҳия мефурӯшад. Ӯ ҳамчунин ҳунарашро ба духтарони деҳа меомӯзонад.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад