Дар Иёлоти Муттаҳида додгоҳи Делавэр қарори шӯрои мудирони ширкати Tesla-ро бекор кард, ки онҳо розӣ шудаанд ба молик ва раҳбари ин ширкат Илон Маск ҳамчун бонус барои ба дӯш доштани роҳбарии ин ширкат 55,8 миллиард доллар пардохт шавад.
Довар гуфтааст, маблағи марбут «нофаҳмо» буда, бузургтарин ҳисоббаробаркуниҳои корпоративӣ дар таърихи ИМА мебошад.