ВАРЗИШМақоми панҷуми Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба...

Мақоми панҷуми Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо

-

Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Тошканди Узбекистон мақоми панҷумро касб кард. 

Ин паҳлавони 25-солаи тоҷик дар вазни +100 кг дар даври дувум Мариус Физел аз Словакияро шикаст дода ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Раҳимов дар ҳаштякфинал бо намояндаи Фаронса Ҷозеф Терҳек рӯбарӯ шуда ӯро низ мағлуб карда ба даври чорякниҳоӣ расид.

Темур дар чорякфинал бар Минҷонг Ким аз Корея дастболо шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт. Дар даври ниманиҳоӣ рақиби паҳлавони тоҷик Татсуру Саитои ҷопонӣ буд ва дар вақти иловагӣ ба Темур бинобар камфаъолиятӣ танбеҳи сеюм дода шуд. Аз ин хотир рақибашро ғолиб донистанд.

Зимни рақобати Темур Раҳимов Гурам Тушишвилии гурҷӣ ин паҳлавони Гурҷистон тавонист имтиёзи “ваза-ари”-ро ба даст орад ва  то охири вақти асосӣ нигоҳ дошта медали биринҷиро ба даст овард ва Темур Раҳимов мақоми панҷумро касб кард.

Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳимов дар раддабандии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (вазни +100 кг) дар мақоми аввал аст.

Акс аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад