МУВАФФАҚИЯТВазъи кӯдакони ношунаво ва сустшунаво дар Суғд чӣ гуна...

Вазъи кӯдакони ношунаво ва сустшунаво дар Суғд чӣ гуна аст?

-

Шодрӯз Субҳонқулов ба шогирдон дарс меомӯзад

Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст. Дар он кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст фаро гирифта шудаанд. Феълан дар ҳудуди вилоят  ягона муассисаест, ки чунин кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро мегирад.  Дар ин мактаб 15 сурдопедагог ва 50 омӯзгори фаннӣ  фаъолият доранд.

Шодрӯз Субҳонқулов яке аз тарбиятгирандагони фаъоли Мактаб-интернат маҳсуб мешавад. Ҳоло муаллими ҷавони ин муассиса ба ҳисоб меравад ва ба хонандагон рассомӣ меомӯзад. Ин ҷавони 26- сола Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакиро соли 2022  бо ихтисоси техник – барномасоз хатм кард.

“Вақте ҳанӯз хонандаи  ин мактаб будам, орзуи муаллим шуданро доштам. Хушбахтона, имрӯз  дар мактаби худ муаллим ҳастам. Ба хонандагони давраи омодагӣ ва  синфҳои 1 — 4 аз рассомӣ меомӯзам.  Бо бачаҳо кор карданро дӯст медорам. Онҳо низ рассомиро дӯст медоранд.  Тасвирҳои офаридаи онҳо орзуву дунёи рангинашон мебошад. Муаллимони соҳибтаҷрибаам, ки имрӯз ҳамкор ҳастем,  ҳамеша маро роҳнамоӣ мекунанд. ”, — таъкид мекунад ин муаллими ҷавон бо забони ишора.

Нигина Оглукова сарвари мактаб -интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти  ба номи Тӯхтабой Ғаффоров аст. Мавсуф аз соли 2019 инҷониб дар ин муассиса ба сифати роҳбар фаъолият дорад. Ба иттилои ӯ,  дар ин муддат  5  мутахассиси ҷавон баъди хатми донишгоҳу донишкада ба кор омаданд.

«Муассисаи мо соли 1975 таъсис шуда барои 330 хонанда пешбинӣ шудааст. Имрӯз 294 хонанда, ки аз ин ҳисоб 127 нафар духтар ҳастанд, ба таълим фаро гирифта шуданд.  Шогридони мо аз  17 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд буда, аксарият аз шаҳри  Исфараву Истаравшан, ноҳияҳои Масчоҳу Айнӣ мебошанд. Барои будубоши тарбиятгирандагон хобгоҳ, ошхона мавҷуд аст.», — маълумот дод Н. Оглукова.

Тобистони соли ҷорӣ дар Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров иқдоми хуберо амалӣ мекард.  Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Дили хайроҳ” ва Иттиҳодияи миллии ношунавоёни ҷумҳурӣ  4 синфхона пурра таъмир гардид. Зимнан, синфхонаи компютерӣ бо  14 ноутбук ва принтеру тахтаи электронӣ, синфхонаи рӯзғордорӣ бо  таҷиҳизоти ошхона,  синфхонаи  дӯзандагӣ бо 12 мошинаи чокдӯзӣ ва синфхонаи дурдегарӣ бо лавозитмоти корӣ таъмин шуд.

Тарбиятгирандагон пас аз дарс  дар маҳфилҳои омӯзиши компютерӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва  бофандагӣ иштирок ва малака касб мекунанд  Онҳо дар баробари хатми муассиса, аттестати синфи 9 вашаҳодатномаи касбиро дарёфт мекунанд.

Маъруфҷон Бобоҷонов сурдопедагоги ботаҷрибаи  мактаб – интеренат аст. Ӯ соли 1989 ин ихтисосро дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Тошканд касб карда,  худи ҳамон сол ба фаъолият пардохт. То имрӯз ба якчанд насли  бачаҳои ношунаво ва шунавоияшон суст таълим додааст.

Маъруфҷон Бобоҷонов зимни машғулияти инфиродӣ

«Бо таълимгирандагон дарсҳои инфиродӣ мегузаронам. Дарсҳои инфиродӣ барои  рушд кардани нутқ ва  шунавоии боқимондаи  бачаҳо мусоидат мекунад. Аз рӯи барномаи  машғулияти инфиродӣ барои ҳар хонанда ҳафтае якуним соат вақт ҷудо шудааст. Дар як ҳафта бо ҳар шогирд 3 маротиба машғулият мегузаронам.  Зимни  ҳар дарс  бо як овозе, ки хонанда онро надорад, ё дораду усутувор талаффуз карда наметавонад, кор карда, онро тақвият медиҳем. Аксарияти бачаҳо, ки аз синфи тайёрӣ қабул мешаванд,  нутқ надоранд,  овозҳоро талаффуз карда наметавонанд.  Вазифаи мо ин аст, ки  ба шогирдон овозҳоро шиносонем ва талаффузи онҳоро  дар ҳиҷо, калимаву ибораҳо, дар ниҳоят ҷумла ёд диҳем. Натиҷаи машғулият моро ба қадре қаноатманд мекунад, зеро, бачаҳо овозҳоро шинохта,  қобилияти ба забон овардони калимаҳоро пайдо мекунанд. Масалан,  Нозанин Қаюмова,  хонандаи синфи 4 аллакай нисфи овозҳоро мешиносад ва малакаи бо ҳиҷо талаффуз кардани бисёри калимаҳоро дорад. Айни ҳол бо ӯ  фарқи овозҳои В ва Ф —  ро мефаҳмонам.», аз кораш қисса кард ин сурдопедагоги пуртаҷриба.

Кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон борҳо нигаронӣ кардааст, ки аз тарафи марказҳои  барқарори  овоз ва шунавоии марказҳои дигари хусусӣ ва сурдопедагогҳои собиқ шуравӣ  манъ  кардани  истифодаи забони  ишора  мебошад  ки   гуё истифодаи забони ишора   дар  инкишофи  нутқи  кӯдакон  мушкилот эҷод  менамояд. Вале ин иштибоҳ аст. 

Саодат Ғозиева омӯзгори дигарест, ки  38 сол боз дар ин даргоҳ ба ҳайси омӯзгори касбу ҳунар  машғули таълим аст. Дар оғози соли хониш дар синфхонаи дӯзандагӣ мошинаҳои нав ва таъйиноти гуногундошта муҷаҳҳаз шуд. Ин иқдом муаллимаро  аз ҳама зиёдтар хурсанд кардааст.

“Бархе фикр мекунанд, ки нафарони ношунаво  қобилияти касбомӯзӣ ва хуб  кор карданро надоранд. Ин комилан  нодуруст аст. Шогирдони ман дар  синфҳои  8 – 9 мехонанд, аллакай, дӯхтани куртаҳои миллӣ ва дигар ҷиҳози барои рӯзгор заруриро омӯхтаанд. Онҳо табиатан хотираи қавӣ доранд ва ҳамеша ҳаракат мекунанд, ки ба мақсадҳояшон расанд.”, — шарҳ дод омӯзгор.

Бишарофат Ҷалилова яке тан омӯзгори ҷавони  синфҳои ибтидоии  мактаб – интернат  аст.  Вай 4 сол боз дар ин ҷо фаъолият дорад. 

“Ман ихтисоси сурдопедагогӣ надорам. Аммо дар натиҷаи иштирок дар курсҳо ва семнарҳо забони имою ишораро аз худ кардам. Бо бачаҳо озодона муошират мекунам. Кор кардан бо кӯдакони ношунаво ё шунавоиашон суст мушкил нест. Онҳо  хеле самимиянд. Бо онҳо дӯст шудан душвор нест.” – изҳор дошт муаллима.

Гулсара Тошматова, мутахассиси пешбари шуъбаи  таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилояти Суғд бобати дар соли хониши 2023- 2024  дар мактаб-интернатҳои махсуси вилоят чӣ қадар омӯзгор фаъолият дорад. Аз ҷумла,  дар мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 65 нафар, дар мактаб-интернати махсуси кӯдакони биноишашон сусти шаҳри Исфара 28 нафар, дар Маҷмааи кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони узви босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд – 37 нафар ва дар мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд   54 нафар омӯзгор фаъолият доранд.

Зимнан, Нигина Оглукова —  сарвари  мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров афзуд, ки аз лиҳози таъминоти кадрӣ мушкилот эҳсос намекунанд. Имрӯз дар мактаб-интернат сурдопедагог, омӯзгори фаннӣ ва мураббияи рӯзонаву шабона мерасад.

«Сурдопедагогҳои мо бештар бо таълимгирандагон дарсҳои инфиродӣ мегузаранд. Муаллимони фаннӣ дар баробари хуб донистани фаннашон боз забони имою ишораро дар курсҳои махсус омӯхтаанд. Дар ду соли гузашта мутахассисони соҳаи сурдопедагогӣ аз шаҳри  Душанбе омада, дар 3 марҳила ба омӯзгорони мо дарсҳои забони имою ишора гузаштанд. Мураббиёни мо низ алифбои ин забонро ёд гирифтаанд, яъне, озодона бо бачаҳо муошират мекунанд.», — гуфт ӯ.

Аммо Саттор Қувватов, роҳбари Маркази кӯдакони ношунаво ва Маркази кор бо волидайн мегӯяд, як мушкили аслӣи ин аст, ки аксарияти волидайни нафарони ношунаво ё сустшунаво забони ишораро намедонанд. Бинобар ин, бо онҳо бояд корҳои зиёде анҷом шавад.

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
8
+1
0
+1
0
+1
1
+1
3
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Филме, ки ба занон ҷасорат мебахшад

Дар як чаҳорчуба намондан, фаррох андеша кардан, қолабшикан будан ва раҳонидани худ аз вобастагии дигарон мақсадҳои филми кутоҳи коргардони...

YouTube давомнокии Shorts-ро ба се дақиқа мерасонад

YouTube давомнокии видеоҳои кӯтоҳ ё Shorts-ро зиёд мекунад. Видеохостинги YouTube давомнокии видеоҳои Shorts-ро аз як дақиқа то ба се...

Хатлон: дар ду рӯз нақши даъват иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш дар вилояти Хатлон ҳамагӣ дар ду рӯз иҷро шуд. ВМКБ аз аввалинҳо шуда,...

Озордиҳӣ ҷиноят аст!

Таҳқир, дашном, масхара, табъиз, таҳдиди расонидани зарари ҷисмонӣ, даст расондан, таҷовузи ҷинсӣ ё дигар шаклҳои ҳамлаи ҷинсиву ҷисмонӣ ҳаррасмент...
spot_imgspot_img

Озмуни Кумитаи кор бо занон ва оила: беҳтарин маводи назму наср дар мавзӯи тарбия

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Озмунеро бо номи "Тарбия аз оилаи сарчашма мегирад" эълон намуд,...

Шикасти Истиқлол аз «Сипоҳон»-и Исфаҳон

Қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи "Истиқлол" дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 дар гурӯҳи "С" аз барандаи медали...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад