ОЛАМИ МАҶОЗӢClickbait. Эҳтиёт бошед то тӯъмаи дигарон нагардед!

Clickbait. Эҳтиёт бошед то тӯъмаи дигарон нагардед!

-

Ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ чунин ҳолатҳо зиёд рух медиҳад ки ягон расм, навор ё матн диққати шуморо ба худ ҷалб мекунад. Ба он назар мекунеду мебинед, ки он нопурра аст ва барои давомашро дидан ба шумо пайванд пешниҳод мекунад. Ба ин пайванд ворид мешавед ва боз пайдарпай пайвандҳои дигаро нишон дода шуморо аз як саҳифа ба саҳифаи дигар мебарад. Аммо он маълумоте, ки шумо интизоред дарёфт карда наметавонед. Дар охир аз он даст мекашеду аз ҳамаи саҳифаҳо хориҷ мешавед. Ин кликбайт аст ва ҳадафнок сохта шудааст.

Clickbait ин манипулятсияи эҳсосоти мухотаб барои ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо мебошад. Clickbait аслан ба «туъма тариқи клик» тарҷума мешавад.

Clickbait дар шакли матн, навор ва расм вуҷуд дорад. Мазмуни он метавонад ягон чизи ҷолиб, тарсовар, чизе, ки шуморо ба хашм меорад ё ин ки ягон чизи хуб бошад.

Дар Clickbait сарлавҳаҳоеро истифода мебаранд, ки зуд тавваҷуҳро ҷалб мекунад. Мисол, “бовар намекунед, ки чӣ шуд”, “кӯдакон ин наворро тамошо накунанд”, “ин наворро дар танҳоӣ тамошо накунед” ва ба ин монанд. Ҳадаф дар шумо ҳиси кунҷкобиро нисбат ба он пост зиёд кардан аст то шуморо ба сӯйи худ кашанд. Пас аз клик, алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маводи шабеҳро бештар ва бештар пешниҳод мекунанд. Ва чизи дигар ин аст, ки ба шарофати чунин кликҳо сомонаҳо метавонанд пул кор кунанд, яъне, 1 клик барои мисол 10 сент.

Кликбайтро бештар бо чунин ҳадафҳо истифода мебаранд:

— Ҷалби диққати корбарони интернет ба сомонаҳои гуногун;

— Таблиғи молу маҳсулот ва хизматрасониҳо тариқи интернет; — Ҷалби тамошобинони бештар барои контентҳо;

— Бештар кардани шумораи обуначиён Бо вуҷуди онки кликбайт ҷанбаҳои мусбат дорад, вале аксаран бо мақсадҳои манфӣ истифода бурда мешавад ва барои корбарони интернет хатарнок аст.

Дар хотир доред, ки имрӯзҳо қалобони интернетӣ низ аз Clickbait васеъ истифода мебаранд. Онҳо корбарро ба худ ҷалб карда маълумоти ӯро аз худ мекунанд. Инчунин ба ваъдаҳои кор ва дарёфти маблағ маълумоти корти бонкии корбаронро ба даст меоранд. Баъзе кликбайтҳо корбарро ба саҳифаҳои хатарнок низ мебаранд, ки метавонад ба маълумоти дохили дастгоҳ дастрасӣ пайдо карда рамзи барномаву саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои интернетӣ шикананд.

— Паҳн кардани маълумоти бардуруғ бо истифода аз эҳсосоти хонанда;

— Сарфаи беҳудаи вақт;

— Бо эҳсосоти шумо бозӣ кардан. Ба мисли фиреб кардан, тарсонидан ва ба хашм овардан;

— Коҳиш додани эътимод ба ахбороти онлайнӣ. Чи гуна кликбайтҳои хатарнокро шинохт?

— Ҳангоми ба ягон пайванд ворид шудан сарчашмаи онро санҷед, ки оё боваринок аст ё не.

— Ба сарлавҳаҳои аз ҳад зиёд эҳсосотӣ бовар накунед;

— Матни пайвандро хонед чунки пайвандҳои хатарнок баъзан вақт номҳои аҷиб ё хато доранд;

— Дар пайвандҳо ва саҳифаҳое, ки ба онҳо дохил мешавед хатоҳои грамматикии ҷумлаву калимаҳоро санҷед. Одатон навиштаҷот дар ин саҳифаҳо таввасути барномаҳо тарҷума мешаванд, ки пур аз хаттоҳои граматикӣ буда, мазмуни нофаҳмо доранд. — Пеш аз ворид шудан шарҳи зери постро аз назар гузаронед.

Касоне ки пеш аз шумо ворид шудаанд шояд фикри худро навиштаанд;

— Истифодаи дизайн ва аксҳо низ дар чунин саҳифаҳо нодуруст аст; Боварӣ ҳосил кунед, ки оё намои пост ё саҳифа боваринок аст ё не.

— Дар кликбайт маълумоти дохили саҳифа аз пост ё сарлавҳае, ки диққати шуморо ҷалб карда буд фарқ мекунад. Онҳоро муқоиса кунед;

— Аз обзорҳои фактчекинг истифода баред;

— Агар хатарнок будани кликбайтро мушоҳида кардед дар шаҳр дигаронро огоҳ кунед ва аз он шикоят баред. Бовари дорем навор бароятон муфид буд.

Талош кунед ҳангоми истифодаи интернет ва дарёфти дилхоҳ маълумот аз таффакури интиқодӣ истифода баред ва ба ҳар гуна маълумот дарҳол бовар накунед. Агар шумо низ ба кликбайт рӯ ба рӯ шудаед, чӣ гуна аксуламал нишон додед, бо мо шарик созед.

Аксҳо аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад