ҲАЁТИ СОЛИМЧаро Тими миллии футболи Эрон дар Мехико иқомат мекунад?

Чаро Тими миллии футболи Эрон дар Мехико иқомат мекунад?

-

Тими миллии футболи Эрон дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол 2026 (2026 FIFA World Cup) дар Мехико (Mexico) иқомат хоҳад кард ва танҳо рӯзҳои бозӣ ба Амрико сафар мекунад

Ба гуфтаи Клаудия Шейнбаум, Президенти Мехико, мақомоти ИМА изҳор доштаанд, ки намехоҳанд тими Эрон дар тамоми давраи мусобиқот (аз 11 июн то 19 июл) дар Амрико бимонад, бинобар ин, ФИФА (FIFA) ба ҳукумати Мексика муроҷиат кардааст. 

Эрон бояд се бозии худро дар гурӯҳи G-дар ИМА бояд анҷом диҳад.

Шейнбаум дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, «мо ҳеҷ сабабе намебинем, ки ба онҳо имкони иқомат дар Мексикаро рад намоем.»

Тими Эрон бояд: 15 июн бо Зеландияи Нав Дар Лос-Анҷелес бозӣ кунад, 21 июн бо Белгия дар Лос-Анҷелес ва 26 июн бо Миср дар Сиэтл бозӣ бояд анҷом диҳад.

Нақшаҳои Эрон барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон аз охири моҳи феврал зери таваҷҷуҳи зиёд қарор дорад. Зеро Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ бо Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Ин вазъият шубҳаҳоро ба вуҷуд овард, ки оё Теҳрон тими худро ба яке аз кишварҳои мизбони мусобиқот мефиристад ё не.

Моҳи март Меҳдӣ Тоҷ, президенти Федератсияи футболи Эрон гуфта буд, ки Эрон бо ФИФА (FIFA) дар бораи имкони интиқоли бозиҳои гурӯҳии худ ба Мексика  гуфтушунид мекунад. Ҳамон вақт Клаудия Шейнбаум низ изҳор дошт, ки Мексика барои мизбонии ин бозиҳо омода аст. Бо вуҷуди ин, FIFA ҷадвали мусобиқотро тағйир надод.

Ин номуайянӣ боиси овозаҳои бештар гардид. Моҳи апрел намояндаи Доналд Трамп бо номи Паоло Замполли пешниҳод карда буд, ки Италия ҷойгузини Эрон дар Ҷоми ҷаҳон шавад. Аммо ин пешниҳод аз ҷониби мақомоти Италия ва ФИФА рад карда шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад