МУВАФФАҚИЯТМақоми 8-уми донишҷӯёни варзишгари Тоҷикистон дар Екатеринбург

Мақоми 8-уми донишҷӯёни варзишгари Тоҷикистон дар Екатеринбург

-

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии варзишии донишгоҳӣ, мақоми ҳаштумро соҳиб шуд. Варзишгарони мо 11 медал, аз ҷумла, 4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд.

Расонаҳо менависанд, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс 8 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд. Миҷгона Самадова дар мусобиқаи занон дар дар вазни то 57 кило, Абубакр Муродзода (-60 кг) ва Абдумалик Болтаев (-80 кг) — дар байни мардон медалҳои тилло ба даст оварданд. Расул Аҳадов (-67 кг) барандаи медали нуқра шуд.

Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар бо иштироки дастаҳои донишҷӯёни кишварҳои узви БРИКС, кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Екатеринбург баргузор мегардад.

Мусобиқаҳо аз рӯи 14 намуди варзиш – бадминтон, баскетбол, бокс,шиноварӣ,  самбо, гуштӣ, теннис, таэквондо, гимнастикаи бадеӣ  ва ғайра баргузор мешаванд.

Донишҷӯёни Озарбойҷон,  Арманистон, Беларус, Бразилия, Ҳиндустон, Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Покистон, Федератсияи Русия, Молдова, Тоҷикистон , Туркманистон, Узбекистон, Африқои Ҷанубӣ, Туркия, Камбоча, Непал, Шри-Ланка дар ин фествивал ширкат мекунанд. Шумораи варзишгарон ба 3400 нафар мерасад. Варзишгарони аз 17 то 25-сола  ба мусобиқаҳо роҳ дода мешаванд.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад