ҲАЁТИ СОЛИМНикоҳи маҷбурӣ хилофи қонун ва дин

Никоҳи маҷбурӣ хилофи қонун ва дин

-

Ин акс ва акси асосӣ аз шабакаи интернет

Дар шаш моҳи соли равон 5370 ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати шаш моҳи соли қаблӣ қариб 1,9 ҳазор ҳолат кам будааст.

Аз ин рақам 3 953 ҳолат бо қарори суд, бо аризаи муштараки ҳамсарон 1 358 ҳолат, бо аризаи яке аз ҳамсарон 59 ҳолат будааст.

Ҳамчунин ҳолатҳои водор кардани ноболиғон ба оиладоршавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки як навъ маҷбурсозӣ барои хонадоршавӣ маҳсуб меёбад.

Дар 6 моҳи соли равон аз 5 473 ҳолати ақди никоҳи ноболиғон пешгирӣ шудааст. Агарчи ин омор ба ҳамин давраи соли 2022 (8 371) 2 898 ҳолат кам аст, вале чунин ҳолат то кунун ҷой дорад.

Cинни никоҳӣ дар Тоҷикистон аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар шудааст.
Cинни никоҳӣ дар ҳолатҳои истисноӣ танҳо то як сол ва танҳо дар асоси қарори суд кам карда мешавад.
Мутаассифона, САҲШ, Суди олӣ, Кумитаи занон ва оила, омори оилаҳои азҳампошидаро гирд намеовардаанд, ки дар пайи никоҳҳои иҷборӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Яке аз кормандони Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зуроварӣ дар оила ва баробарии гендерӣ ба мо гуфт, бархе аз занон вақте дар бораи мушкилот ва пошхурии оилаҳои хеш ба ин марказ муроҷиат мекунанд, таъкид менамоянд, ки волидайн қабл аз тӯй назари онҳоро напурсида буданд.

Равоншиносон мегӯянд, оилае, ки бидуни хоҳиши тарафҳо барпо мегардад, устувор нест.

«Ақди никоҳ иттифоқи озодонаи зану мард аст. Ягон никоҳ наметавонад бидуни ризоияти озодона ва пурраи ашхоси ба ақди никоҳ дароянда, то ҳатто бо мақсади накӯкорӣ бошад ҳам, сурат гирад.» (моддаи 12-и Кодекси оилаи Тоҷикистон, моддаи 23 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ)

Маҷмӯае, ки UN WOMEN дар ҳамкорӣ бо сохторҳои зиддахли Тоҷикистон таҳия кардааст, никоҳҳои барвақтӣ ва маҷбуриро ҳамчун таҷрибаи зараровар унвон кардаанд. 
«Аксар вақт падару модарон, бо кӯшиши барпо намудани хушбахтии фарзандони худ фаромӯш мекунанд, ки фарзандони онҳо аъзои комилҳуқуқи ҷомеа мебошанд. Инсон аз лаҳзаи таваллуд дорои ҳамаи ҳуқуқҳои фитрӣ аст. Дар вақти ба синни никоҳи расидан ҳуқуқи интихоби ҳамсари ояндаро дорад. Албатта, падару модарон барои тарбия ва некӯаҳволии фарзандони худ масъул ҳастанд. Аммо! Бо ба шавҳар додани духтари худ ё оиладор намудани писари худ то синни никоҳӣ беқарори суд ва ризоияти шахсони ба ақди никоҳ дароянда падару модарон қонунро вайрон мекунанд.»,-зикр мешавад дар ин санад.

Ахиран Маркази тадқиқоти журналистӣ як назарсанҷиро дар мавриди  издивоҷҳои бармаҳал ва иҷборӣ анҷом дода буд, ки дар ин назарпурсӣ никоҳҳои маҷбурӣ дар Тоҷикистон аз масоили доғи иҷтимоӣ унвон мешуд, чун дар аксар ҳолат ҳамсарро на худи ҷавон, балки волидайн интихоб мекунанд. Аммо 57 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ҳамсари ояндаро бояд худи ҷавонон интихоб кунад.

Маҳмуд Сангалиев, корманди Маркази исломии Тоҷикистон

Ба таъкиди Маҳмуд Сангалиев, як масъули Маркази исломии Тоҷикистон, аз дидгоҳи дини Ислом падару модар ҳақ надоранд, ки писар ва ё духтари худро ба касе, ки фарзандашон аз ӯ розӣ нест, иҷборан оиладор кунанд. Ҳатто улламо ба ин ақида аст, ки дар ҳолате, ки падар ё модар фарзандашро ба маҷбуран оиладор кардан хосту фарзанд қабул накард, ин ба ҳуқуқи волидон дохил намешавад. Яъне, наметавон гуфт, ки ин оқи падар ё оқи модар шуд.

“Маслиҳати динӣ ин аст, ки вақте ҷавонон ҳамдигарро дӯст медоранд, беҳтараш аст, бузургонашон, яъне, волидонашонро дар ин бора хабардор кунанд. Зеро, дӯст доштан дар дини мубини Ислом маън нест.”,-мегӯяд намояндаи Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Ин рӯҳонии тоҷик иттилоъ дод, ки бисёре аз ҷавонон вақте ба онҳо муроҷиат мекунанд, мегӯянд, ки “зани ман набуд, зани падарам буд, зеро, падарам маҷбуран ӯро ба ман оиладор кард” ё мегӯянд, ки ин “хушкардаи худам нест, хешу табори модарам аст ва модарам ӯро ба ман оиладор кардааст…”

“Зиндагӣ кардан бо як мард ва ё бо як зан, чи аз дидгоҳи дин ва чӣ аз дидгоҳи дунё маҷбурӣ нест, зиндагӣ ду омили асосӣ дорад, яке эҳтиром дигаре муҳаббат, агар эътимод ва муҳаббат набошад, усулҳои зиндагии тарафайн устувор нест. Вақте, ки онҳоро маҷбуран оиладор мекунанд, ба ҳар ҳол ин ба ҷудоии онҳо оварда мерасонад.”, -илова кард ин рӯҳонии тоҷик.

Пурсишеро, ки миёни ҷавонон гузарондем, ҳамагӣ таъкид карданд, ки дар интихоби ҳамсар бояд озод бошанд ва волидайн мавқеи онҳоро эҳтиром намоянд.

«Оилладоршавии маҷбурӣ натиҷаи хуб надошта ба нофаҳмиҳои зиёд оварда мерасонад. Масалан, ман бояд номзадамро худам бинам ва шиносам. Падару модар низ бояд фикри маро ба назар гиранд.»,-таъкид мекунад як ҷавондухтароне, ки дар пурсиши мо ширкат кард.

Мавқеи рӯҳонии тоҷик ва ҷавонон дар мавриди никоҳҳои иҷборӣ дар навори зер:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
5
+1
1
+1
0
+1
0
+1
4
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад