ҲАЁТИ СОЛИМЧаро довталабон кам шуданд?

Чаро довталабон кам шуданд?

-

Ҳиссаи духтарон ва писарон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ. Маълумот аз ММТ

Соли дуюм аст, ки теъдоди довталабон ба муассисаҳои олӣ кам гардидааст.

Баста гардидани як қатор кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо сабаб шуд ё қабули қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ё омили дигаре ҳаст?

Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали директори Маркази милли тестӣ мегӯяд, натиҷаи пурсиши онҳо собит намуд, ки ҳатмӣ будани сарбозӣ баъд аз хатми донишгоҳу донишкада сабаби камшавии довталабон набудааст.

Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали директори Маркази милли тестӣ

“Аз рӯйи натиҷаи пурсишҳо байни довталабони дар имтиҳонҳо иштироккарда яке аз суолҳо дар мавриди сабаби дар имтиҳонҳо иштирок накардани ҳамсинфони ҳамин довталабон буд. Мувофиқи натиҷаҳои ҳамин пурсиш аз шумораи умумии пурсидашудагон, ки 10 793 нафарро ташкил медод, ҳамагӣ ним дарсади пурсидашудагон баён доштанд, ки сабаби дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ширкат накардани ҳамсинфонашон ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ баъди хатми донишгоҳ аст.”, -мегӯяд Шодиниё.

Ба бовари Мирзошариф Шодиев, мушовири директори Маркази милли тестӣ, шояд аз курсии дониҷшӯӣ ҷалб кардан ба артиш ё ҷалби аспирантҳову магистрантантҳо сабаб шуда бошад.

Мирзошариф Шодиев, мушовири директори Маркази милли тестӣ

“Ман ду се далелро мегӯям, шумо худ қазоват кунед. Пеш аз ин ҳам (қабл аз баста шудаи кафедраҳои ҳарбӣ) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ кафедраҳои ҳарбӣ набуд. Ҳамагӣ дар якчанд муассиса кафедраи ҳарбӣ амал мекард. Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи тиббӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишгоҳи технгикӣ, Филиали донишгоҳи аграрӣ дар Данғара кафедраи ҳарбӣ доштанд. Нуктаи дигарро аҳамият диҳед, ба наздикӣ ин омор расонаӣ мешавад, ҳамаи ин донишгоҳҳо, ки кафедраи ҳарбӣ надоранд, нақшаашон ҳоло сад фисад иҷро гардидааст. Омилҳо дигаранд: аз курсии дониҷшӯӣ ҷалб мекунанд, аспирантҳоро ҷалб мекунанд, магистрантантҳоро ҷалб мекунанд.”, -мегӯяд ҷаноби Шодиев.

Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ахиран нигаронӣ кард, ки кормандони баъзе комиссариатҳо ва мизҳои ҳарбӣ ҷавонони ба донишгоҳ шомилшударо барои адои хидмати ҳарбӣ маҷбур менамоянд.

Сайфиддин Давлатзода. Акс аз Asia-Plus

Ин роҳбари муаассисаи олӣ 2 августи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ гуфтааст, кормандони мизи ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони соли ҷорӣ ба донишгоҳ дохилшударо маҷбур доранд, ки аввал ба хидмати ҳарбӣ раванд.

Маркази миллии тестӣ дар ҳамаи зинаҳо аз 100 940 ҷойи нақшавӣ 59 123 нафарро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ тақсим кардааст, ки ин камтар аз 54 дарсади нақшаи қабулро ташкил медиҳад.

Масъалаи кам шудани донишҷӯён зимни ҳамоише дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент ба баҳс кашида шуда буд. Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии ин марказ вазъи пешомадаро нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Ӯ гуфта буд, “дар ду соли охир мактабҳои олӣ қариб 50 ҳазор камтар довталабонро қабул кардаанд ва рӯз ба рӯз имконияти молии мактабҳои олӣ паст мешавад, чункӣ теъдоди асосии донишҷӯён дар бахшҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.”

Ба иттилои Маркази милии тестӣ, соли равон гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) аз ҳама каминтихоб буда, шумораи довталабони ин гурӯҳро баргузида қариб 45%-и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳро ташкил медиҳад. Солҳои пеш низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар камтар интихоб мекарданд.

Ахиран Вафобек Баҳромбеков, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар нишасти Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфта буд, дар бархе тахассусҳо донишҷӯ намерасад.

“Соли гузашта дар факултетҳои физика, химия, аз ҷумла дар баъзе факултетҳои Донишгоҳи политехникӣ донишҷӯ нарасид. Донишгоҳи аграрӣ умуман дар як ҳолати буҳронӣ қарор дорад, довталабон хеле кам дар онҷо ҳуҷҷат супориданд. Хусусан, ихтисосҳои тиббӣ, риёзӣ ва техникӣ дар як ҳолати фоҷиавӣ қарор дорад. ”,-нигаронӣ карда буд ин устоди донишгоҳ.

Аз Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ 3-юми августи соли ҷорӣ хабарнигорон суол карданд, ки сабаби иҷро нагардидани нақшаи қабул хидмати ҳарбист ё омили дигаре вуҷуд дорад.

Ӯ далелҳое хешро ироа кард. Ба бовари директори Маркази миллии тестӣ, имсол ду омил вуҷуд дошт: омили якум кам шудани теъдоди хатмкунандагони синфи 11-ум  (хатмкунандагон ҳудуди 105 ҳазор дар соли таҳсили 2022-2023), омили дуюм нақшаи қабули довталабон дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба соли гузашта 3 фоиз зиёд шуд.

Акси асосӣ аз vecherka.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
3
+1
1
+1
0
+1
6
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҷоми ҷаҳонии футбол–2026

Ҷоми ҷаҳонии футбол–2026 ҳамчун бузургтарин бозӣ дар таърих ин навъи варзиш хоҳад буд. Барои аввал дар як вақт се...

Исроил дар «Евровидение» мемонад, вале Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения ширкат даст кашиданд

Исроил иҷозаи иштирок дар "Евровидение-2026"-ро ба даст овард. Дар посух Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения эълон карданд, ки ба...

YouTube Recap: дар бораи тамошои ҳама видеоҳо омор пешниҳод мекунад

YouTube ҳисоботи нави солонаи YouTube Recap 2025-ро муаррифӣ кард. Ин аввалин натиҷагирии инфиродии видеоҳост, ки ҳар корбар дар давоми...

Ду созмони бонуфӯзи рӯзноманигорӣ алайҳи мақомоти исроилӣ шикоят бурдааст

2 декабр Иттифоқи миллии журналистон ва Федератсияи байналмилалии журналистон (SNJ/IFJ) ба Прокуратураи миллии мубориза бо терроризм дар Париж  барои...
spot_imgspot_img

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». 4 нафар соҳиби шоҳҷоиза

Имрӯз, 4 декабри 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи...

Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар Порис

“Баракат Исфара”, “Водии меваҳо” ва “Алӣ Априкот”- се корхонаи коркарди хушкмева аз Исфара, ки бозигари калидии бозори хушкмева дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад