БИЗНЕС-КЛУБМолики Telegram: ман хона ё ҳавопаймо нахаридам!

Молики Telegram: ман хона ё ҳавопаймо нахаридам!

-

Паёми ахири Павел Дуров дар бораи харидорӣ кардани вомбаргҳои Telegram

Павел Дуров тақрибан чоряки вомбаргҳои нави Telegram-ро хардорӣ карда, ваъда менамояд, ки барои рушди ин паёмрасон боз саҳм мегузорад.  Ба маълумоти ӯ, Telegram нисбат ба рақибони худ ба монанди Twitter ва Snap ба даромаднокӣ аз рӯи рақамҳо наздиктар аст.

“Ман шахсан тақрибан чоряки вомбаргҳои нави Telegram-ро харида, даҳҳо миллионро барои рушди Telegram сармоягузорӣ кардам. Ин, илова ба садҳо миллионҳоест, ки ман дар тӯли 10 соли охир барои кори Telegram сарф кардам. Баъзеҳо пешниҳод карданд, ки ба ҷои он хона ё ҳавопаймо бихарам. Аммо ман афзалтар медонам, ки ба кори худ тамаркуз кунам.»,- менависад Дуров тариқи Telegram.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мессенҷер дар ҳоли рушд ва ҷалби корбарони нав аст. Ҳамин тариқ, ҳамарӯза беш аз 2,5 миллион нафар дар Telegram сабти ном мешаванд ва дар аввали соли 2023 корбари фаъол мессенҷер аз 800 миллион гузашт.

Дуров гуфт, садҳо миллион нафар аз Telegram истифода мебаранд, зеро онҳо ба платформаи паёмнависии мустақил ниёз доранд, ки корбарони онро дар ҷои аввал мегузоранд. «Масъулияти ман ва кори ҳаётии ман ин аст, ки рушди ин пойгоҳро идома диҳам» гуфт поягузори Telegram.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад