ҲАЁТИ СОЛИМПрезиденти Кореяи Ҷанубӣ пас аз ҳамла ба бонкҳо ба...

Президенти Кореяи Ҷанубӣ пас аз ҳамла ба бонкҳо ба таъсиси низоми муҳофизат аз зеҳни сунъӣ даъват кард

-

Зеҳни сунъӣ дар ҳамлаҳои ҳакерии ахир ба бонкҳои Кореяи Ҷанубӣ истифода шудааст. Дар ин бора президенти кишвар Ли Ҷэ Мён изҳор доштааст. Ӯ даъват кардааст, ки усулҳои таъмини амнияти киберӣ мутобиқ ба таҳдидҳои давраи нави технологӣ таҳия карда шаванд. 

1 октябр Shinhan Bank аз ифшои маълумоти шахсии тақрибан 25 ҳазор муштарӣ хабар дод. Ба ин маълумот ном, рақами телефон ва маълумот дар бораи даромади солонаи муштариён дохил мешаванд.

KB Kookmin Bank низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Аз Hana Bank маълумоти 89 муштарӣ дуздида шудааст. Кӯшишҳои рахна ба низоми Woori Bank ва NH Nonghyup Bank низ ошкор шуданд, аммо ин бонкҳо тавонистанд дастрасии беиҷозат ба системаҳои худро сари вақт масдуд кунанд. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз тафсилоти ин ҳамлаҳоро ошкор накардаанд.

Хабаргузории «Рёнхап» рӯзи 6 октябр аз оғози таҳқиқоти густурдаи ҳамлаҳои ҳакерӣ хабар дод. Хадамоти назорати молиявии кишвар 19 суроғаи IP-ро дар ИМА, Ҷопон ва 10 кишвари дигар муайян кардааст, ки ҳангоми ҳамлаҳои бо истифода аз зеҳни сунъӣ анҷомдодашуда истифода шудаанд.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...

Bloomberg: OpenAI масъалаи ҷалби 10 миллиард доллар аз фондҳои АМА-ро баррасӣ мекунад

Ширкати OpenAI бо чанд фонди сармоягузории Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи ҷалби маблағ музокира дорад. Дар ин бора Bloomberg...

Русия барои рушди роҳҳалҳои зеҳни сунъӣ ҳамасола то 10 миллиард рубл бурсия ё қарзҳои имтиёзнок ҷудо мекунад

Пешниҳод шудааст, ки барои рушди роҳҳалҳои зеҳни сунъӣ ҳамасола то 10 миллиард рубл дар шакли грант ва қарзҳои имтиёзнок...
spot_imgspot_img

Оё Трамп бо маслиҳати чатботи Grok амр дод, ки Мадуро боздошт кунанд?

Президенти ИМА соатҳо дар Кохи Сафед ба чатботи зеҳни сунъии Маск саволҳо додааст, аз ҷумла дар бораи вокуниши венесуэлагиҳо...

Британия дар масъалаи амнияти ИИ нақши муҳим дорад, аммо соҳа ҳамоно таҳти ҳукмронии ИМА ва Чин аст

Бо вуҷуди нақши назарраси Британияи Кабир дар соҳаи амнияти зеҳни сунъӣ, ки ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи амнияти зеҳни сунъӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад