МУВАФФАҚИЯТҒамхорони муҳити зист. Онҳо киҳоянд?

Ғамхорони муҳити зист. Онҳо киҳоянд?

-

Ташкили аксия барои тоза кардани соҳил

Икромҷон Мамадов,  роҳбари ТҶ “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” , ки дар вилояти Суғд фаъолият дорад, маҳсуб меёбад. Ҳамзамон ӯ масъулияти роҳбарии Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷандро низ бар дӯш дорад. Ҳадафи асосии ин гурӯҳ ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ, махсусан ҷавонон  ба масоили ҳифзи муҳити зист аст.

Дар давоми чанд соли охир ТҶ “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” чандин лоҳиҳои муҳимеро амалӣ кард. Аз ҷумла, дастрас кардани иттилооти экологӣ, рӯ овардан ба усулҳои нави обёрӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва ғайра. 

«Тағйирёбии иқлим ва бехтарии об як лоиҳаи аҳамияти минтақавидоштаи ин созмон буд. Дар доираи он тавонистем, ки ба аҳолӣ, хосса, ҷавонон иттилоъ дар хусуси захираҳои ҳаётан муҳимро расонем. Дар доираи  лоиҳа бо 6 мактаби ҷамоатҳои Фирӯзоба, Патар ва Пӯлотони шаҳри Конибодом ҳамкорӣ кардем. Бо муаллимони ин мактбаҳо омӯзиши экологӣ гузарондем. Онҳо баъди омӯзиш ҳамчун нозирони сабз ба хонандаҳояшон ҳафтае як бор дарси маърифати экологӣ меомӯзанд. Дар якҷоягӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дастури омӯзише бо номи «Роҳнамо» таҳия кардем. Дар мактабҳо низ оби тозаи нӯшокӣ дастрас кардем. Дар доираи вохӯриҳо беш аз 500 нафар сокини ҷамоатҳо оид ба эҳтиёткорона истифода бурдани об, муҳиммияти обёрии қатрагӣ, сохтани гармхонаҳои муосир маълумот пайдо карданд. Ҳамчунин,  барои 10 оила кумак кардем то гармхона созанд ва дар он обёрии қатрагӣ гузаронанд.», — афзӯд Икромҷон Мамадов.

Ба бовари роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”, дар беш аз 90 фоизи шаҳрҳои сайёра  масъалаи ифлосшавии муҳит вуҷуд дорад.  Ҳаво бо сабабҳои субъективӣ  ва объективӣ рӯ ба ифлосшавӣ дорад.

«То соли 2021 имкон набуд, ки сокинони вилоятҳо аз нишондиҳандаҳои сифати ҳавои минтақаи  худ огоҳ шаванд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки дар 7 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳисобкунаке, ки сифати ҳаворо месанҷанд, насб кунем. Онҳо дар шаҳру навоҳии  Хуҷанд, Исфара,  Панҷакент,  Бӯстон, Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар ва Муминобод гузошта шуд. Ҳисобкунакҳо чор нишондиҳандарочен мекунад, аз ҷумла, ҳарорат, намнокӣ, PM 10 ва PM 2,5. Барои саломатии инсон нишондиҳандаи PM 2,5 зиёновар аст. Агар дар як шабонарӯз чунин  ҳаворо нафас кашем, баробари як сигор зарар ба саломатиамон аст.», — изҳор дошт ӯ.

Ба тозагӣ Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” бо ҳамроҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дао вилояти Суғд  аксияи экологӣ таҳти унвони «Тоза кардани соҳили Баҳри тоҷик»  баргузор карданд. 

Насби қуттии партов дар шакли зарфи пластикӣ

«Аз моҳи июн мавсими истироҳат ва оббозӣ дар соҳил оғоз шуд. Чун ҳарвақта тозагии соҳил масъалаи ташвишовар мешавад. Мутаассифона,  дар мо оддати бо худ бурдани партовҳо расм нагардидааст. Бинобар ин, дар чанд нуқтаи соҳил қуттии калони партов гузоштем.», — гуфт Икромҷон Мамадов.

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад