БОЛМеҳрона дар Мюнхен. Ӯ дар ин шаҳр кору таҳсил...

Меҳрона дар Мюнхен. Ӯ дар ин шаҳр кору таҳсил мекунад

-

Ин навбат меҳмони барномаи “Бол” Меҳрона Мирзоева буд. Ҷавондухтаре, ки ҳоло дар шаҳри Мюнхени Олмон кору таҳсил менамояд.

Меҳрона нақл мекунад, ки аз замони мактабхонӣ орзуи дар хориҷ таҳсил карданро дошт ва ӯ пайваста барои амалишавии ин орзуяш талош мекард.

Меҳрона дар Душанбе таваллуд шуда, дар ин шаҳр ба воя расидааст. Хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе буда, дар як боғчаи хусусӣ низ мураббии гурӯҳи руссӣ буд. Дар як маркази забономӯзӣ забони олмониро омӯхта тариқи барномаи “Au Pаir” ба Олмон сафар кард.

“Ростӣ, дар аввал волидонам намехостанд ва ҳам бовар надоштанд, ки ман ба Олмон меоям. Таҳсил дар хориҷ орзуи ман буд ва ҳамеша талош мекардам. Бо гузашти имконият пайдо намуда ҳуҷҷатҳоямро таҳия кардам ва падару модарам низ муқолибият накарданд.”, — мегӯяд ӯ.

Аксҳо аз бойгонии Меҳрона

Меҳрона аз моҳи январи соли 2021 дар Олмон қарор дорад. Ӯ дар аввал тариқи барномаи “Au Pаir” ба Олмон роҳ ёфт. Мувофиқи барномаи мазкур ӯ ҳам таҳсил мекарду ҳам дар хонаи оилаи олмоние зиндагӣ. Вале пас аз 6 моҳ тариқи барномаи дигар ба мактаби махсуси касбӣ дохил шуд.

Ҳоло дар мактаби касбӣ бо ихтисоси меҳмондор таҳсил мекунаду дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мюнхен таҷриба меандӯзад.

Меҳрона сайёҳатро дӯст медорад ва ба кишварҳои дигар сафар мекунад ва аз дидаҳояш ба обуначиҳояш нақл менамояд.

Меҳрона ба ҷавондухтарони тоҷик, ки бо барномаи “Au Pаir”  таҳсил кардан мехоҳанд кумак мекунад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
18
+1
14
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад