БИЗНЕС-КЛУБИштироки беш аз 20 корхонаи нассоҷӣ дар UzTextile Expo

Иштироки беш аз 20 корхонаи нассоҷӣ дар UzTextile Expo

-

Манбаъ: ITC Tajikistan

Намояндаи 23 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми лозима ба монанди риштаи омехта ва аксессуарҳо ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ ба намоишгоҳ рафтанд.

 UzTextile Expo – намоишгоҳи байналмилалии нодир ва вижаи соҳаи нассоҷӣ ва мӯд дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳар сол аз он бештар аз 9000 коршинос, соҳибкор ва тоҷир боздид мекунанд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва мӯд аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз нахи пахта то либоси тайёр ба маъраз гузошта мешавад. Чорабинӣ ҷиҳати дарёфти шарикон дар Узбекистон, бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор, кумак мекунад.

Ҳайати Тоҷикистон, ҳамчунин, аз барномаи васеъи тиҷоратӣ, ба монанди ҳамоишу вохӯриҳои сершумори тиҷоратӣ, намоишҳои мӯд, мастер-классҳо аз ҷониби тарроҳони маъруф ва коршиносони соҳа ва ғайра баҳра бардошт. Иловатан, соҳибкорони тоҷик дар яклухтфурӯшиҳо ва шоу-румҳои ширкатҳо ва тоҷирони маҳаллӣ дар шаҳр ва вилояти Тошкант имкониятҳои ҳамкорӣ ҷустанд.

Абдурозиқ Орипов, мудири ширкати “Ортекс”, мегӯяд: “Иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфид буд. Ин намоишгоҳ имкони хубе фароҳам овард, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаҳои мустақим барқарор намоем ва бозори фурӯш ва хариди ашёи хомро васеътар созем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима доир ба трендҳои замонавии соҳа низ дарёфт кардем”.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва GIZ бар ин боваранд, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Боздид аз Тошканд ибтикори муштараки МТБ ва GIZ дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад