Тибқи солшумории ҳиҷрӣ моҳи Рамазон барои имсол дар моҳи март шурӯъ мешвад, ки ба ҷашни байналмилалии Наврӯз рост меояд. Як қисмати сокинон бар он назаранд, ки шояд иди Наврӯзро то оғози моҳи Рамазон таҷлил шавад. Лекин ба ишораи Аслиддин Айниддин муовини раси ноҳияи Темурмалик оид ба рушди иҷтимоӣ таҷлили ҷашни Наврӯз дар моҳи Рамазон ягон монеагӣ надорад. Зеро, Наврӯз иди байналмилаӣ аст ва моҳи Рамазон иди суннатӣ, ки таҷлил гирифтани ҳарду барои миллати тоҷик рамзӣ аст. Яъне, ин идҳо хилофи якдигар нестанд ва мардум ҳардуро дар вақташ таҷлил мекунанд.
Ноҳияи Темурмалик аз таърих то кунун як ноҳияи гуногунмиллат буд ва ҳаст, зеро, аҳолии аксарияти минтақаҳои дурдаст ва марказ аз дигар ҷойҳо ба ин ҷо омадаанд. Аз ҷумла мардуми узбекзабон ва сипас дар даврони собиқ Ҳукумати Шӯравӣ мардуми рус ва дигар миллатҳо низ ба ин ноҳия кӯч бастанд.
Табиист, ки ҳар як қавму миллат барои худ урфу одат ва қоидаҳои махсусе дорад, ки барои аз байн нарафтан ва ифтихори миллати хеш онҳоро риоя ва маҳфӯз медоранд. Инчунин, замони баргузории ҷашну маросим ё маъракаҳои оилавӣ аз рӯйи расму оини худ амал мекарданд.
Гулчеҳра Муродова, ки солҳои пеш дар шуъбаи занони ҳукумати маҳалли ноҳияи Темурмалик фаъолият мекард, чунин ишора мекунад, «мо вақте ба деҳаҳои ноҳия мерафтем, ба урфу одатҳои гуногун рӯ ба рӯ мешудем. Масалан, дар деҳаи Саидмуъмин Раҳимов (Ҷорубқули қаблӣ), ки мардуми узбек зиёд буд, маъракаи арусиро бо қонунҳои хоси худашон мегузарониданд. Як тафовути калони онҳо дар ин буд, ки арӯсро баъди як ҳафтаи никоҳ бо домод якҷо мекарданд. Инчунин, домоду арӯс бо сару либос ва нақшу нигораҳои махсус омода мешуданд.”
Ӯ ишора мекунад, ки маросими дастшуён, ки аз қисмати Сари Хосор, Балҷувон ва Кӯлоб аст, аз дигарон фарқ мекунад. Яъне, арӯс вақте ба хонаи домод меояд ҳатман дасташро равған мегиранд. Ин амал маънои онро дорад, ки ин арӯс дар хонадон зани боҳунару хушмуомила шавад ва ин анъана на дар ҳамаи минтақаҳои ноҳия ба назар мерасад.
Ҳамчунин, дар аксар ноҳияҳои манотиқи Кӯлоб баъд аз маросими “Дастшӯён” аз ҷониби модари домод ва холаи ӯ ба келин тӯҳфаҳои гаронбаҳо тақдим карда мешавад то дар зиндагияш файзу баракат ва дороиву хушбахтӣ ҳукмрон гардад.
Маъраки Қурутоб
Ҳоло ки фасли зимистон аст, дар аксар деҳоти ноҳия маъракаи “Қурутоб” идома дорад. Ин маърака ба яке аз анъанаҳои қадима ва махсуси ноҳияи Темурмалик табдил ёфтааст. Маъракаи “Қурутоб” асосан дар фасли сармо ташкил карда мешавад. Одатан онро мардуми чорводор дар рӯзҳои сарди зимистон омода карда, ҳамдеҳагонро барои тановул даъват мекунанд.
Фасли баҳор аз қадим ҷашну маросим ва анъанаҳои хоси худро дорад. Дар оғози фасли баҳор дар як қисмати Ҷамоати деҳоти Кангурт сокинон маросими “Аловпарак”-ро таҷлил мекунанд ва мардум бар ин назаранд, ки ин амал онҳоро аз гуноҳу дарду ранҷ озод мекунад. Ин амал на танҳо дар ноҳияи Темурмалик, балки дар аксар ноҳияҳои кишвар иҷро мешавад.
Инчунин, дар ин фасли баҳор анъанаи аз ҳама хос ва муҳими ноҳияи Темурмалик ин тозаву озода гардонидани хонадон ва ба бар кардани куртаю тоқиҳои гулдӯзӣ аз ҷониби занону духтарон дониста мешавад. Занону духтарон куртаю тоқиҳои гулдӯзиро рамзи баҳор ва зебогию хушбахтӣ дониста, бо омадани баҳор ҳамасола ин анъанаро такрор мекунанд.
Баъди қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросим” як қисмати анъанаҳо маҳдуд карда шуданд. Аз ҷумла, забҳ кардани чорвоҳои зиёд, омода кардани хӯрокҳои гуногун дар дегҳои калон, маблағ гирифтани ҷавонони маҳалла аз домоди нав (шаҳтоз), пошидани маблағ дар шаби тӯй ва дигар оинҳое, ки ба иқтисодиёти оила зарар мерасонд. Ҳатто худи сокинон бар он назаранд, ки қонуни мазкур воқеан бар нафъи ҷомеа анҷом ёфт. Зеро, дар баъзе маъракаҳо хеле исрофкории калон ба назар мерасид.
Ҳайдаралӣ вақти ҳамнишинӣ бо дигар қавму миллатҳо зуд тоқӣ ва рӯймолчаи махсусе, ки моли дасти ҳунармандони лаққайҳост, нишон медиҳад ва маҳз бо ин амал узбек ва лаққай будани худашро собит мекунад.
“Ман пайваста ба сафар мебароям ва нишонае аз лаққай будани худро бо худ мебарам.”,- мегӯяд Ҳайдаралӣ Давлатов як сокини деҳаи Сартези ноҳияи Темурмалик.
Ҳамзамон, ӯ ишора мекунад, ки ман бо чунин амалам ифтихор дорам. Зеро, дар бисёри ҳолатҳо мардум таърихи гузаштаи худашонро бо сари баланд нақл мекунанд, лекин ягон далели исботкунанда намеоранд. Аз ҷумла, дар мавриди либосҳояшон, ки пурра дигар шудааст.
Ба ин монанд дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик дигар анъанаҳои хӯрокпазӣ ҳастанд, ки хоси мардуми гуногун мебошад, ҳатто бо ин ананаҳо машҳур шудаанд. Мисол, дар вақти таҷлили ҷашну маросим хӯрокҳои махсус омода мекунанд, хоси ҳамон ҷашн ва маҳал аст.
Ҷашну маросим ва дигар урфу одатҳо дар ҳудуди ноҳия бо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум таҷлил мешавад, ҳатто ибодат. Чунки сокинони калонсоли ноҳия ишора мекунанд, ки солҳои пеш мо дар ҳамин ноҳия бо кӯдакони рус ва дигар миллатҳо бо ҳам бузург шуда, рафоқати хубе доштем. Вақти ибодат тибқи эътиқодоти хеш ибодати хешро анҷом медод ва ба муносибатҳо таъсир намерасонд.
Шералӣ Давлатов