МУВАФФАҚИЯТТӯҳфаи раиси вилояти Хатлон ба куҳансолтарин зани ин минтақа

Тӯҳфаи раиси вилояти Хатлон ба куҳансолтарин зани ин минтақа

-

Аз тарафи чапи Фотима Салимова Ғазалшо Сафарзода. Аз рост писараш Қарабой Гулаев ва Ҳасанзода Шералӣ, раиси ноҳияи Темурмалик

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи модар ба кӯҳансолтарин пиразани вилояти Хатлон, ки дар ноҳияи Темурмалик зиндагӣ мекунад, армуғони идона фиристод. Ғазалшо Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилоят бо Ҳасанзода Шералӣ раиси ноҳияи Темурмалик имрӯз, 7 март  тӯҳфаҳоро ба ин пиразани 110-сола дастрас намуданд.

Фотима Салимоваи 110-сола дар Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов (собиқ Ҷорубқул)-и ноҳияи Темурмалик зиндагӣ мекунад.

Ӯ 20-уми январи соли равон ба сини 110 солагӣ қадам ниҳода буд. Бибии Фотима, ки 110 сол дорад, айни ҳол худро бардам эҳсос мекунад, озодона ҳарф мезанад, пайвандону атрофиёнашро мешиносад.

Шиносномаи Фотима Салимова

Фотима Салимова дар 17-солагӣ ба шаҳвар мебарояд. Соли 1941 шаҳварашро ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебаранд ва ӯ дар набард қаҳрамонона ҳалок мегардад. Бибии Фотима мисли дигар занҳои тоҷик он шабу рӯз меҳнат  мекардааст. Маҳз ба ин хотир ӯро барои меҳнати софдилона дар ақибгоҳ ва саҳмаш дар кори Ғалаба бар фашизм соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Русия бо медали “75 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945” сарфароз гардонданд.

Фотима Салимова соли 1948 бори дуюм ба шавҳар мебарояд. Имрӯз ӯ соҳиби 3 фарзанд, 20 набера, 75 абера мебошад. Писари бузургаш Қарабой Гулаев  73 сол дошта,  Назир 60-сола ва Бозорбой 66-сола ҳастанд.

Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад