ҲАЁТИ СОЛИМКадом омил муҳоҷиронро барои дарёфти бозорҳои нав водор кард?

Кадом омил муҳоҷиронро барои дарёфти бозорҳои нав водор кард?

-

Бархе муҳоҷиронро кори муносибу маоши беҳтар дар Аврупо ва дигар кишварҳои осиёӣ, бархеи дигарро, ки корти иқомат (вид на жительство) ё шаҳрванди Русияро доштанд, тарс аз онки ба ҷанг сафарбар нагардад, ба кишварҳои дигар бурдааст. Тибқи иттилои расмӣ, то ду соли пеш аксари корҷӯёни кишвар ба Русия ва қисме ба Қазоқистон, Белорусия  сафар мекарданд. Зеро, реҷаи бидуни раводид  ба ин кишварҳо муҳоҷиронро ба ин давлатҳо моил месохт.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 2 марти соли 2023 дар Боку Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Антонио Виторино, мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират атрофи масъалаҳои марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа ҳимояи иҷтимоии онҳо табодули назар карданд.

Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Антонио Виторино, мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират. Акс аз сомонаи mfa.tj

Шокир (ном иваз карда шудааст) як муҳоҷир аст, ки дар Русия кор ва даромади хуб дошт. Ӯ душаҳрвандӣ (шаҳрвандии Тоҷикистону Русия) дорад, моҳи декабри соли 2022 ба Тоҷикистон баргашт. “Ҳоло дудила ҳастам, ки ин мавсим ба Русия баргардам. Ӯ мегӯяд, ҳоло сабр мекунам. Зеро, метарсам, ки ба артиш ҷалб мегардам.

Дилмурод Юсуфӣ, Шодмон Ашӯров ва Низомидин Холбоев таҷрибаи муҳоҷират дар Русияро доштанд, акнун фаротар аз ин кишвар рафтанд. 

Дилмурод мегӯяд, моҳи 5-ум аст, ки дар Англия қарор дорад. Ӯ аз шароити кору зиндагиаш дар ин кишвар қаноатманд аст. Зеро ҳеҷ гуна ҳуқуқашро поймолшуда намеҳисобад.

Низомидин Холбоев, сокини шаҳри Панҷакент буда, пас аз хатми донишгоҳ муҳоҷиратро пеша кард. Чанд сол ба Русия мерафт.

Бо тавсияи дӯстон, аввал ба кишварҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ба кор рафта чанд муддате фаъолият кард. Бо мақсади пайдо намудани имкониятҳои нав тариқи Русия ба Бритониёи Кабир ба кор рафта, муддате онҷо фаъолият намуд.

Муҳоҷирати Низомиддин тӯлонӣ нест ва ҳамасола ба ба дидорбинии пайвандонаш меояд.

Низомидин Холбоев. Акс аз бойгонии ӯ

Шодмон Ашӯров зодаи ноҳияи Ашт аст ва дар Русия ба сохтмон машғул буд, вақте қоидаи будубош дар Русияро вайрон кард, ҳаққи ворид шудан ба Русияро аз даст дод. Сипас пайи ҷустуҷӯи кишварҳои нав барои муҳоҷират шуд. Ҷустуҷӯҳои зиёди Шодмон ба ӯ имконият доданд, ки раводиди яксола гирад ва дар Варшава ба кор равад. Айни ҳол Шодмон дар Варшава қарор дорад…

Тоҷикистон бо беш аз 12 давлати дунё барои сабукӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ шартнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо давлатҳои Русия, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Қатар, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва якчанд давлати дигар ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.

 

Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар соли 2022, Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” тибқи дархостҳои ҷойҳои кории холии субъектҳои кордиҳандаи давлатҳои хориҷа  2013 нафарро дар хориҷи кишвар бо ҷойи кор таъмин намуд, аз ҷумла дар Федератсияи Россия — 1709 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон — 223, Ҷумҳурии Туркия — 29 нафар, Лаҳистон — 35 нафар, Руминия — 11 ва Амороти Мутаҳидаи Араб — 6 нафар.

Соли 2022 Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷират бо мақсади гуногунсамтии кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ аз Тоҷикистон бо Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар асоси шартномаи тарафайн айни замон дар натиҷаи 2 озмуне, ки 10-13 март ва 25-27 майи соли 2022 бо иштироки намояндагони ширкати Про-форс баргузор карда шуда, 383 нафар дар Британияи Кабир бо кор таъмин гардидаанд.

“Инчунин, бо мақсади оғози сафарбаркунии шаҳрвандон ба Ҷумҳурии Корея байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Ҳампёнг Чола-Намдоии Ҷумҳурии Корея 8 августи соли  2022 шартнома ба имзо расида, дар асоси ин санад 58 нафар мутахассиси соҳаи кишоварзӣ тибқи талаботи корфармо раводиди корӣ гирифта, дар минтақаи Хампёнги Ҷумҳурии Корея бо ҷойи кор таъмин гардиданд.”,-иттилоъ медиҳад Вазорати меҳнат.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирони меҳнатии мо барои фаъолияти корӣ ба Англия барои 6 моҳ мераванд. Зеро, раводид ба ҳамин муддат дода мешавад. «Корея ва Британия аз зумраи кишварҳое ҳастанд, ки бо тоҷикистон низоми раводид доранд. Бинобар ин, як муддат барои таҳияи ҳуҷҷатҳо лозим аст.»,-илова кард вай. 
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки охири моҳи марти соли равон боз як гурӯҳе аз муҳоҷирони кишвар барои корҳои кишоварзӣба Англия сафар мекунанд. 
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки 3 марти соли равон баргузор гардид, гуфт, таносуби рафту баргашти муҳоҷирон аз Русияро таҳлил мекунанд, ки соли гузашта тақрибан 224 ҳазор баргаштаанд. Ба иттилои ин вазир, рафтани занон низ кам гардидааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад