МУВАФФАҚИЯТCомонаҳои фурӯш ва шабакаҳои иҷтимоӣ: ҷойе, ки қаллобон сайд...

Cомонаҳои фурӯш ва шабакаҳои иҷтимоӣ: ҷойе, ки қаллобон сайд меҷӯянд

-

Қаллобон аз тариқи интернет равишҳои навро истифода мебаранд. Саҳифаҳои “Moiseeva Elizaveta”, “Design Viva” ва даҳҳои дигар ба ин монанд дар instagram ва facebook наворҳоеро, ки дар он гуё шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо онҳо маблағ ба даст овардаанд, нашр намуда, корбарони интернетро ба худ моил мекунанд.

Барои боварии мардумро ба даст овардан аз чеҳраҳои шахсиятҳои машҳур, сарватмандон, рӯҳониён ва наттоқони барномаҳои телевизионӣ истифода мебаранд.

Ахиран бо исми «Гулнара» гурӯҳе дар телеграм фаъол гардидааст, ки тоҷикистониёнро ҷалб мекунад.  Барои эътимоди онҳоро ба даст овардан дар саҳифаи худ акси хонаи Каъба ва навиштаҷотҳои динӣ гузошта, бо либосҳои исломӣ навор пахш менамояд. Пас аз суҳбат бо корбар бовариашро ба даст оварда, рақами корти худро, ки аз ҷониби яке аз бонкҳои Узбекистон додааст, фиристода, ваъда медиҳад, ки давоми 3-4 соат маблағи ирсолшударо 6-7 баробар афзӯн карда, бармегардонад. Баъд аз гирифтани маблағ корбарро ба руйхати сиёҳ мегузорад ва бо ӯ тамосро қатъ мекунад. 

Дар як суҳбати катбӣ хостем равишҳои мардумфиребии ин гуруҳҳоро ошкор кунем

Усули дигари қаллобӣ дар интернет, сӯистифода аз номи ширкатҳои тиҷоративу хизматрасонист.

Аз номи ширкати мобилии tcell эълоне нашр шудааст, ки гӯё мукофоти пулӣ медиҳад. Яке аз роҳҳо чунин буд, ки ба корбар савол пешниҳод гардида, баъди ба даст овардани маълумот барояш қуттиҳои сарбаста пешниҳод мешавад. Пас аз интихоби яке аз қуттиҳо гӯё соҳиби туҳфа шудаед, шуморо барнома табрик менамояд. Сипас аз шумо дархост мекунад, ки ин барномаро ба 20 дӯсти худ қисмат намуда, маълумоти корти бонкиатонро нависед. Баъд аз гирифтани маълумоти корт маблағи корти шумо рабуда мешавад.

Раванди яке аз чунин бозиҳо:

Бо ин роҳ истифодабарандагони шабакаҳоро фиреб медиҳанд.

Як манбаъ аз ширкати tcell гуфт, аз нашри чунин эълонҳои дурӯғин хабар доранд  ва тариқи саҳифаҳои расмии хеш аз афзоиши ин ҳолатҳо ҳушдор додаанд.

Як эълони tcell аз саҳифаи фейсбукии ин ширкат

Ахиран мақомоти милитсияи Душанбе Беҳрӯзи Субҳиддини 22-соларо гумонзад дар қаллобӣ аз тариқи интернет дастгир кард.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дастгиршуда Беҳрӯзи Субҳиддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакӣ бо номҳои «Солиҳин-ТВ» ва «Муҳаммад-ТВ» фаъол намуда, тариқи ин саҳифаҳо «бо нашри эълонҳои дурӯғин, ки гӯё ба афроди ниёзманд кумак мерасонад, шаҳрвандонро ба доми фиреби худ дароварда, барои ба онҳо расонидани кумак ва дар рӯйхати ниёзмандон ворид намудан, маблағҳои гуногун талаб намуда гирифтааст. Баъд аз гирифтани маблағҳои пулии шаҳрвандон дигар ба зангҳои онҳо ҷавоб надода, рақамҳои телефонашро хомуш кардааст.»

Акси гумонзад Беҳрӯзи Субҳиддин дар саҳифаи фейсбукии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ба иттилои мақомоти милитсия, ин нафар зиёда дар 20 ҳолат бо чунин шакл фиреб додани шаҳрвандон гумонзад аст, ки аз шаҳрвандон 800 то 2 ҳазор сомонӣ ба даст овардааст.

Бонкҳои кишвар содишавии ҷиноятҳои қаллобӣ бо роҳи тасарруфи маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкиро тасдиқ мекунанд…

Cуҳроб нақл мекунад, ки амакаш мошини хешро аз тариқи сомонаи «somon.tj» ба фурӯш гузошта, баъди чанде як нафар аз тариқи WhatsApp бо рақами +7985 719-30-60 тамос гирифта, гуфтааст ба наздикӣ меҳмони Душанбе мешавад ва барояш мошин лозим аст. Аз тариқи интернет мошин ҷустуҷӯ намуда, ин мошинро писандида, мехоҳад як қисми пулро тариқи корт интиқол диҳад ва боқиро дар Душанбе пардохт намояд.

“Он нафар аз амакам хоҳиш мекунад то ҳар ду тарафи корташро акс бардошта барояш фиристад ва амакам низ ин корро анҷом медиҳад. Баъд аз ин, ба телефони амакам рамз меояд, амакам аз ноогоҳӣ рамзро ба он нафар дастрас мекунад. Лекин аз сабаби онки корт миллӣ буд, он нафар натавонистааст пул берун кашад. Бинобар ин, хоҳиш мекунад акси корти дигаре барояш фиристад. Амакам корти Бонки “Эсхата”-ро барояш мефиристад, вале он корт маблағе надоштааст. Қаллоб баҳона меорад, ки наметавонад маблағ гузаронад, агар корти дигаре аз бонкҳои дигар, ба мисли Alifbank ё бонки дигар бошад, аксҳои онро барояш фиристад. Амакам гуфтааст, миёнасол асту корбурди кортро дуруст намедонад, рақами маро барояш додааст. Он нафар ба ман тариқи WhatsApp занг зада мақсадашро гуфт.”-нақл намуд Суҳроб.

Шахсе, ки худро харидор нишон медиҳад, аз Суҳроб хоҳиш кардааст, ки акси кортро барояш фиристад. Суҳроб гуфтааст, корт бо рақами телефонаш пайваст аст, агар пул интиқол доданист, тариқи рақами телефон интиқол диҳад.

“Ба рақами телефонам рамз омад. Дар идомаи рамз ба ҳарфҳои калон навиштаи “НЕКОМУ ЕГО НЕ ПЕРЕДЕВАЙТЕ!” таъкид мешуд. Он нафар исрор мекард, ки рамзро барояш дастрас намоям, вале ман дарк кардам, ки ҳадафи ин нафар дигар буда, мехоҳад аз корти ман пул берун кашад. Ман ба он нафар гуфтам таҷрибаи кор бо низоми бонкиро дорам ва дастрас кардани рамз ба шахси сеюм мумкин нест ва Шумо қаллоб ҳастед. Баъд аз ин ҳарфҳо ӯ пай бурд, ки маро ба доми худ афтонда наметавонад, даррав суҳбатро қатъ намуд.”-ёдовар шуд Суҳроб.

Абдулло Қурбонов, ҳаммуассиси Алифбонк корбарони интернет даъват мекунад, ки ба эълонҳои бардурӯғ бовар накунанд.

Вазорати корҳои дохилӣ сабаби ин ҳолатҳоро истифодаи нодуруст ва ба шахсони ношинос пешниҳод намудани мушаххасоти корти бонкӣ мегӯяд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ ин гуна кирдорҳоро ҷиноятҳои итттилоотӣ ном бурд ва таъкид кард, ки шуъбаҳои махсусе дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва Раёсати кофтукови ҷиноятӣ  мубориза мебаранд.

Ба иттилои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, як соли гузашта 17 ҷинояти сайберӣ ба қайд гирифта шудааст…

Мо бо Сорбон Ҷӯраев, роҳбари идораи кор бо қарзҳои мушкилситон ва ҳолатҳои қаллобии “Алиф Бонк” доир ба чӣ будани ҳолатҳои қаллобӣ дар интернет, чӣ гуна амалӣ кардани онҳо ва чӣ хел пешгирӣ намудан суҳбат намудем.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
8
+1
3
+1
0
+1
0
+1
3
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад