Имрӯз мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон аввалин бозии худро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, доир мекунад. Ҳарифи дастаи Тоҷикистон мунтахаби Туркманистон мебошад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Дӯстлик» соати 17:00 оғоз мешавад.



