МУВАФФАҚИЯТКомиссияи Аврупо: истифодаи шабакаи иҷтимоии TikTok-ро дар смартфонҳои корӣ...

Комиссияи Аврупо: истифодаи шабакаи иҷтимоии TikTok-ро дар смартфонҳои корӣ ҳазф кунед!

-

Комиссияи Аврупо аз кормандонаш талаб кард, ки истифодаи шабакаи иҷтимоии TikTok-ро дар смартфонҳои кории худ қатъ кунанд. Дар ин бора Euractiv бо такя ба манобеи хеш хабар медиҳад.

Ин тасмим дар пасманзари тадбирҳои афзоянда ба беҳбуди амнияти сайберӣ дар Аврупо гирифта шудааст, гуфтааст манбаъ:

«Бо мақсади ҳифзи маълумоти Комиссия ва баланд бардоштани амнияти сайберии он, Шӯрои идоракунии корпоративии ИА тасмим гирифт, ки TikTok-ро аз дастгоҳҳои корпоративӣ ва инчунин дастгоҳҳои шахсии ба қайд гирифташуда дар хадамоти комиссия манъ кунад.»

Ин нафарон бояд то 15 марти соли 2023 TikTok-ро аз телефонҳои худ ҳазф кунанд. Онҳое, ки аз иҷрои ин шарт сарпечӣ мекунанд, барояшон дастрасӣ ба як қатор хадамоти корпоративӣ маҳдуд мешавад.

TikTok ба ширкати чинии ByteDance тааллуқ дорад.

Чанде қабл сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷош Ҳовлӣ дар бораи ҷорӣ кардани қонун дар бораи боздоштани фаъолияти шабакаи иҷтимоии чинии TikTok дар Иёлоти Муттаҳида таъкид варзид.

«Моҳи гузашта Конгресс онро (TikTok) аз ҳама дастгоҳҳои ҳукумат манъ кард. Ҳоло ман лоиҳаи қонунро дар бораи манъи умумимиллии он пешниҳод хоҳам кард.”,-навишт ин сенатор дар twitter.

Илова бар ин, вай афзудааст, ки TikTok «чоҳии Чин дар ҳаёти амрикоиҳо» ва инчунин таҳдид ба маълумоти шахсии «фарзандони мо ва инчунин солимии равонии онҳост».

Аввали соли равон беш аз 20 иёлати ИМА ба хизматчиёни давлатии худ истифодаи ТикТокро манъ кардаанд. Инчунин истифодаи замимаҳои чинӣ, аз ҷумла TikTok, шабакаи иҷтимоии WeChat ва системаи пардохти AliPay манъ шудааст.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
1
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад