ҲАЁТИ СОЛИММадуро чӣ гуна боздошт шуд?

Мадуро чӣ гуна боздошт шуд?

-

Трамп раванди амалиёти боздошти Мадуроро мушоҳида мекунад. Акс аз манбаъҳои боз
Боздошти Мадуро, ки мустақимтарин мудохилаи ИМА дар минтақа аз соли 1989 ба ин сӯ унвон мешавад, чӣ гуна сурат гирифт?
 
Афсарони Созмони марказии иктишофии ИМА (CIA) моҳи август пинҳонӣ вориди Венесуэла шуданд ва бо кумаки дронҳои ноаён ба омӯзиши Николас Мадуро ва ҳаракатҳои ӯ оғоз карданд. Раиси Ситоди муштараки қувваҳои мусаллаҳ гуфт, ки ҷосусон мехостанд фаҳманд, ки ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад, ба куҷо сафар мекунад, чӣ мехӯрад, чӣ мепӯшад ва ҳатто ҳайвоноти хонагиаш кадомҳоянд. Як манбаъ дар дохили ҳукумати Венесуэла ба CIA дар пайгирӣ ва муайян кардани макони ӯ кумак кардааст.
Сипас, дар аввали декабри 2025 амалиёт бо номи «Operation Absolute Resolve» таҳия шудааст. Ин натиҷаи моҳҳои нақшакашӣ ва машқҳои дақиқ буд, ки ҳатто низомиёни элитаи ИМА хонаи бехатар дар Каракасро сохта, роҳҳои воридшавиро машқ карданд. Нақша хеле махфӣ буд. Конгресс қаблан дар ҷараён гузошта нашуд.
Трамп амалиётро аз Кохи сафед идора накард, онро дар Палм-Бич (Флорида) бо маслиҳатчиёнаш роҳбари CIA Ҷон Ратклифф ва вазири корҳои хориҷии ИМА Марко Рубио пайгирӣ кардааст. «Ин чизи аҷиб буд, ман онро мисли барномаи телевизионӣ дидам.»,-нақл кардааст Трамп.
Беш аз 150 ҳавопаймо, аз ҷумла бомбафканҳо, ҳавопаймоҳои ҷангию иктишофӣ дар рафти шаб фиристода шуданд, гуфтанд мақомҳои ИМА. «Ин хеле мураккаб буд, хеле мураккаб, тамоми ҳаракат, фурудҳо, шумораи ҳавопаймоҳо»,-гуфтааст Трамп ба Fox News. Дар Каракас тақрибан соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ садоҳои баланди таркишҳо шунида шуданд ва дуд аз шаҳр бархостааст. Ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар тамоми шаҳр парвоз мекарданд.
Ҳамзамон бо садо додани зарбаҳо дар атрофи Каракас, нерӯҳои ИМА ба шаҳр ворид шуданд. Ба гуфтаи манбаъҳои расонаҳои байналмилалӣ ба мисли ВВС дар миёни онҳо аъзои нерӯҳои элитаи Delta Force, воҳиди вижаи баландпояи артиши ИМА низ ҳузур доштанд. Ба иттилои генерали амрикоӣ Дэн Кейн, нерӯҳо каме пас аз оғози зарбаҳо, соати 02:01 ба вақти маҳаллӣ, ба макони Мадуро расиданд. 
«Мо тақрибан соати 01:55 ба садои таркишҳо ва садои ҳавопаймоҳо аз болои Каракас бедор шудем»,-гуфтааст як шоҳиди воқеа бо номи Даниэла ба BBC.
New York Times гузориш дод, ки дар ҳамлаи ИМА ба Венесуэла камаш 40 нафар кушта шуданд, аз ҷумла низомиён ва шаҳрвандон.
Ҳангоми расидани нерӯҳо ба онҳо тир холӣ карда шуд ва яке аз чархболҳои ИМА осеб дид, аммо тавонист парвозро идома диҳад. «Нерӯҳои боздошткунанда ба қароргоҳи Мадуро ворид шуда, бо суръат, дақиқӣ ва интизом амал карданд.», — мегӯяд генерал Кейн.
Вақте ҳамсари Мадуро, Силия Флоресро боздошт мекарданд, Марко Рубио ба огоҳ кардани қонунгузорон оғоз кардааст. Агарчи ин боиси норозигии бархе аз аъзои Конгресси ИМА шуд.
«Бигзор равшан бигӯям: Николас Мадуро як диктатори ғайриқонунӣ аст. Аммо оғози амалиёти низомӣ бидуни иҷозати Конгресс ва бидуни нақшаи боэътимод барои марҳилаи баъдӣ беандешагӣ аст.», — гуфтааст раҳбари демократҳо дар Сенат Чак Шумер.
Дар қароргоҳи Мадуро, ҳангоме ки нерӯҳои элитаи ИМА ворид мешуданд, ба гуфтаи Трамп, президенти Венесуэла, ки дар моҳҳои охир, ба иттилои расонаҳо, бештар ба муҳофизони кубагӣ такя мекард,  кӯшиш кардааст ба утоқи амн фирор кунад.
«Ӯ мехост ба ҷои амн бирасад, аммо он ҷои амн ҳам амн набуд, зеро мо метавонистем дарро тақрибан дар 47 сония тарконем», — гуфтааст Трамп.
«Ӯ то назди дар расид, аммо натавонист онро пӯшад. Ба ҳадде зуд ҳамла карданд, ки ӯ ба он утоқ ворид шуда натавонист».
Вазири дифои Венесуэла Владимир Падрино рӯзи якшанбе изҳор доштааст, ки дар ҷараёни амалиёти ИМА «қисми зиёди муҳофизони Мадуро» ва ҳамчунин «сарбозон ва шаҳрвандони бегуноҳ» кушта шудаанд.
Кишварҳои Амрикои Лотинӣ зуд вокуниш карданд. Президенти Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва дар X навишт, ки «бомбаборон кардани қаламрави Венесуэла ва боздошти президенти он хатти сурхи қобили қабулро убур мекунад» ва ин амалиётро нақзи ошкори қонуни байналмилалӣ номид.
Мексика, Чили, Куба ва Уругвай изҳор доштанд, ки бо мудохилаи ҳарбии хориҷӣ мухолифанд.
Бархе кишварҳо чун Аргентина, Перу ва Эквадор аз ин иқдом ҷонибдорӣ карданд. Русия боздошти Мадуроро «нақзи ҷиддии соҳибихтиёрӣ ва қонуни байналмилалӣ» номид. Чин изҳор дошт, ки аз истифодаи зӯр алайҳи як давлати соҳибихтиёр «амиқан дар ҳайрат ва шадидан нигарон» аст. Эрон низ ин ҳамларо нақзи ошкори соҳибихтиёрии миллӣ хонд.
Иттиҳоди Аврупо аз маҳкумияти мустақим худдорӣ карда, ба хештандорӣ ва риояи Оинномаи СММ даъват намуд. Намояндагони ИА таъкид карданд, ки ҳар гуна роҳи ҳал бояд ба қонуни байналмилалӣ такя кунад.
Сарвазири Испания Педро Санчес гуфт, ки кишвараш на режими Мадуро ва на мудохилаи ИМА-ро, ки қонуни байналмилалиро вайрон мекунад, эътироф нахоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Словакия Роберт Фитсо изҳор дошт, ки ин амалиёти ИМА нишонаи фурӯпошии низоми ҷаҳонии пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон аст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад