МУВАФФАҚИЯТҶаҳонгир барои васли хатҳои баландшиддати барқ таҷҳизот сохт

Ҷаҳонгир барои васли хатҳои баландшиддати барқ таҷҳизот сохт

-

Ҷаҳонгири Абдулвоҳид

Ҷаҳонгири Абдулвоҳид, омӯзгори Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон барои соҳаи энергетика чандин тазҳизот сохтааст. Феълан яке аз таҷҳизоти сохтааш дар шабакаҳои барқи Ҷануб истифода мешавад ва бехатарии барқчиёнро ҳангоми васли хатҳои баландшиддати барқ дар баландиҳо таъмин менамояд.

5 ихтирои Ҷаҳонгир ҳамагӣ барои соҳаи энергетика пешбинӣ шудаанд. Ин омӯзгор 27-сол дорад ва зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аст.

Тоҷикистон дорои захоири зиёди гидроэнергетика буда, ба мутахассисони соҳа ниёз дорад. Рисолати Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон ин аст, ки ниёзҳои соҳаро бароварда намояд.

Ҷаҳонгири Абдулвоҳид яке аз хатмкардагони донишгоҳи мазкур аст. 

“Гоҳо медидам, ки кормандони соҳаи барқ дар баландӣ хатҳои барқро бо мушкилӣ пайваст мекарданд. Ҳато ҷонашон дар хатар ҳам буд.  Кормандро танҳо як ресмон медошт. Акунан сохторе, ки ман эҷод кардам, барқчӣ дар он нишаста, амну бехатар корашро анҷом медиҳад. Таҷҳизоти ман комилан нав буда, дорои патент (шаҳодатнома) гардидааст.”— мегӯяд Ҷаҳонгир.

Ба иттилои Ҷаҳонгир, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таҷҳизоти сохтаи ӯро қобили қабул дониста, барои истеҳсол ва хариду фурӯши он сармоягузорӣ хоҳад кард.

“Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе озмуни навоварони то 30-сола баргузор гардид, ки дар он иштирок ва соҳиби медали ифтихории Муассисаи маркази миллии патенти ҷумҳурӣ гаштам. Ба хотири ҷилавгирӣ аз талафоти нерӯи барқ ду идея пешниҳод кардем, ки яке аз он соҳиби патент гардид. Инчунин чанд идеяи нав дорем, ки дар пайи амалисозии он ҳастем.”,- иттилоъ дод Ҷаҳонгири Абдулвоҳид.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон маркази инноватсия ва рушди истеъдодҳоро таъсис дода, дар он шароити корию илмомӯзӣ фароҳам овардааст то ҷавонон рушд кунанд.

Обидҷон Қувватзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва робита бо хориҷи  мегӯяд, шумори донишҷӯёни ихтироъкору навовар кам нестанд. Инчунин шогирдон бо роҳнамоии устодон барои сохтани муҳаррикҳои барқӣ, генератрҳо ва гидротурбинаҳои обӣ низ кушиш карда истодаанд.

Ба иттилои Обидҷон Қувватзода, чанде аз донишҷӯёни донишкада барои такмили ихтисос ва ҳимояи рисолаи номзадӣ дар хориҷи кишвар ҳастанд ва умед аст, ки сафи ихтироъкорону навоварони Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон меафзояд.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад