МУВАФФАҚИЯТТавсифи кори имдодгарони тоҷик аз ҷониби Президенти Туркия

Тавсифи кори имдодгарони тоҷик аз ҷониби Президенти Туркия

-

Дирӯз, 20 феврали соли  2023 Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар ҷараёни боздидҳояш аз минтақаҳои зиёндида аз зилзилаҳои кишвараш ба вилояти Ҳатой (Ҳатай) омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.

«Зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлӯи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.»-хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон

Президенти Туркия ҳамчунин изҳор доштааст, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯ ва аз фаъолияти имдодарони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва дақиқа ба дақиқа пайгирӣ мекунад.

Акс аз сомонаи herhavadis.com

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад