МУВАФФАҚИЯТНерӯгоҳи Зиёдалӣ хонаи ҳамдеҳагонашро фурӯзон мекунад

Нерӯгоҳи Зиёдалӣ хонаи ҳамдеҳагонашро фурӯзон мекунад

-

Ифтихорномаи Зиёдалӣ Талбекзода

Зиёдалӣ Талбекзода на танҳо нерӯгоҳи офтобӣ, ҳамчунин, дастархони электронӣ, арғунчак, мошини хурд барои кӯдакону наврасон  ва даҳҳо дастгоҳи дигар сохтааст.

Фасли сармо, ки нерӯи барқ дар деҳот аз рӯйи реҷа дода мешавад, талабот ба нерӯгоҳи офтобии сохтаи Зиёдалӣ зиёд аст. Зиёдулло низ бо нерӯгоҳи сохтаи хеш ба ҳамсоягону ҳамдеҳагонаш кумак мекунад.

Зиёдалии 14-сола дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад ва ахиран дар озмуни “Ихтироъкорони  ҷавон” миёни 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сазовори мақоми аввал гардид.

Ҳоло ӯ хонандаи синфи 7-уми мактаби№56-и ноҳияи Вахш буда, устоди аввалини ӯ дар ин ҷода падараш аст. Зиёдалӣ бо падараш 4 адад нерӯгоҳи офтобӣ сохтаанд, ки ҳар кадоме аз ин нерӯгоҳҳо 50-60 фурӯзонакро рӯшан мекунад.

Саймиддин Абдураҳмонов, падари Зиёдалӣ дар Литсейи касбӣ техникии ноҳияи Вахш ба шогирдон таъмири барқро меомӯзонад.

Зиёдалӣ ба сохтани ҳар гуна таҷҳизот аз овони кӯдакӣ шавқ доштааст. Бинобар ин, падар писарашро ба  ҷойи кор мебурд.

Зиёдалӣ нақл кард, ки дар бархе аз дарсҳои амалии падар ширкат мекард ва таҷриба меандӯхт. Инчунин дар хона барои худ утоқи корӣ бунёд намуда, ба сохтани ҳар гуна таҷҳизот мустақилона машғул шуд.

Ҳамчунин ӯ иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани савияи донишу малакаи насли наврас озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ доир мегардад ва ин омил барои шавқаманд гардидани ҷавонону наврасон воситаи хубе мебошад.

Дар баробари неругоҳ, инчунин Зиёдалӣ мошини хурд ва барои кӯдакону наврасон алвончак, дастархони электронӣ, арғунчак ва ғайра ихтироъ намудааст.

Барои омода намудани ин гуна нерӯгоҳҳо дар бархе ҳолатҳо аз оҳанпораҳои нолозим, ки дар партовҳо партофта шудаанд, истифода менамоем,  ­-мегӯяд  падараш Саймиддин Абдураҳмонов.

Аҳлиддини Муборакшоҳ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад