МУВАФФАҚИЯТ28 ноябр: аввалин холҳои Камерун ва Сербистон

28 ноябр: аввалин холҳои Камерун ва Сербистон

-

Дирӯз, 28 ноябри соли равон дастаҳои мунтахаби Камерун — Сербистон, Кореяи Ҷанубӣ — Гана ва Бразилия — Швейтсария рақобат карданд.

Дар бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар Камерун ва Сербистон бо ҳисоби мусовӣ (3:3) холҳоро қисмат карданд.

Дар дақиқаи 29-уми нимаи аввал ҳимоятгари Камерун Жан-Шарлз Кастеллетто пас аз зарбаи кунҷӣ бо сараш ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 45-ум ҳимоятгари тими Сербия Страхиня Павлович бо зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кард. Пас аз ду дақиқа нимҳимоятгари серб Сергей Милинкович-Савич бо зарбаи берун аз ҷаримагоҳ дастаашро ба пеш баровард.

Дар дақиқаи 53-юм ҳамлагари сербӣ Александр Митрович голи 51-умин худро дар ҳайати тими мунтахаби кишвар ба самар расонд ва бартариро барои дастааш овард. Дар дақиқаи 64-ум ҳамлагари Камерун Винсент Абубакр ҳисобро 2:3 намуд. Пас аз ду дақиқа ҳамлагар Эрик Чупо-Мотинг ҳисобро баробар кард.

Хар ду даста дар мусобиқа холҳои аввалинашонро ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки дар даври 1-ум сербҳо аз Бразилия (0:2) ва камеруниҳо аз Швейтсария (0:1) шикаст хӯрда буданд.

Натиҷаи бозиҳои дирӯз:

Камерун — Сербистон — 3:3
Голҳо: Кастеллетто, 29; Абубакр. 63; Шупо-Мотинг, 66 — Павлович, 45+1; Милинкович-Савич, 45+3; Митрович, 53.

Кореяи Ҷанубӣ — Гана — 2:3
Голҳо: Чо Кю Сун, 58; Чо Кю Соон, 61 — Салису, 24; Кудус, 34; Кудус, 68.

Бразилия — Швейтсария — 1:0
Гол: Каземиро 83.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад