МУВАФФАҚИЯТTech Jam 2024. Зикри дастовардҳо ва камбудиҳо

Tech Jam 2024. Зикри дастовардҳо ва камбудиҳо

-

Форуми минтақавии “Tech Jam 2024” бо ҳадафи рушди бахши IT дар Тоҷикистон, ҳавасмандкунӣ ва дастгирии ҷавонон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид. Ҳамчунин дар форум мушкилиҳои ҷойдошта, аз қабили набудани барқи мунтазам дар манотиқи дурдаст, афзоиши ҷиноятҳои сайберӣ, ва кибербуллинг низ ишор шуд.

Форуми минтақавии “Tech Jam 2024” бори чаҳорум аст, ки баргузор мегардад. Аз оғози таъсиси он (соли 2021)  Tech Jam ба пойгоҳи муҳиме барои мутахассисони ҷавон, коршиносони технологияҳои иттилоотӣ ва пешвоёни соҳа табдил ёфтааст, ки барои муошират ва мубодилаи афкор мусоидат мекунад. 

Ҳаким Исмоилзод, ноиби аввали Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ

Ҳаким Исмоилзод, ноиби аввали Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар ин форум аз баргузории ҳафтаи «Инновватсия ва гузариши рақамӣ дар Тоҷикистон» ёдовар шуд, ки рӯзҳои 18-24 ноябри соли равон баргузор гардида буд ва дар он масоили ташаккули ҳукумати электронӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, тиҷорати электронӣ, финтех, киберамният ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Ҷаноби Исмоилзод аз ташаббуси ҷавононе, ки дар рушди рақамӣ саҳм мегузоранд, сипозгузорӣ намуд ва аз ҳама даъват намуд, ки дар рушди рақамӣ ҳиссагузор бошанд.

Ҷон Риордан, Директори миссияи USAID гуфт, дар Тоҷикистон ва минтақа аҳолии бештарро ҷавонон ташкил мекунанд. Бинобар ин, USAID бо дигар шарикон кушиш мекунад то ҷавонон маҷмӯи малакаҳои заруриро ба даст оранд.

Ҷон Риордан, Директори миссияи USAID дар Тоҷикистон

 “Нуктаи муҳимро мехоҳам ишора намоям, ки ин як кори дастҷамъист. Хеле муҳим аст, ки қоидаву стандарт ё инки меъёрҳо ба роҳ андохта шавад то техналогияи соҳаи иттилоотӣ рушд кунад. Мо мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки бахши хусусӣ ба ин самт таваҷҷуҳ дорад то саҳми худро гузорад. Чанде қабл яке аз таҳқиқотҳое, ки шарики мо бо дастгирии Юсаид ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд анҷом дод, хулосаҳои он нишон медиҳад, ки содироти хидамоти техналогияҳои иттилотӣ дар Қазоқистон, Қириғизистон ва Укзбекистон ба маротиб афзӯдааст. Мо бовар дорем, дар Тоҷикистон низ чунин иқтидоре вуҷуд дорад, ки то ҳол истифода нашудааст.”,-зикр намуд роҳбари USAID дар Тоҷикистон.

Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо аз ибтидои ин ташаббус Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад  ва шоҳид аст, ки иқтидорҳои бузург рушд меёбанд. Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкории худ бо мақсади рушд ва ҷорӣ кардани рақамикунонӣ ва техналогияҳои нав таваҷҷуҳ мекунад. Иттиҳоди Аврупо эътироф мекунад, ки техналогияи нав имкониятҳои зиёдро барои рушди босубот ва фарогир мусоидат менамояд. Аммо ӯ нигаронӣ намуд, ки вақтҳои охир озори бонувон ва қаллобӣ бо ин техналогияи иттилоотӣ мушоҳида мешавад.

Артур Ван Дизен, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Артур Ван Дизен, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бовар дорад, ки рақамикунонӣ имконияти хеле зиёд дорад ва ба марзҳо маҳдуд намешавад.

Бинобар ин, таъкид кард, ки ҷалби ҷавонон ба рушди техналогияи навин бояд сурат бигирад.

«Вале вақте берун аз Душанбе, ба як деҳот меравед. Мактабҳо дастрасӣ ба интернет ва барқи мунтазам надоранд. Бидуни таъмини шароити асосӣ рушди техналогия мушкил аст. Вақте дар бораи ин соҳа дар ин ҷо фикр мекунем, аз нуқтаҳои заминавӣ, берун аз шаҳр бояд оғоз кунем. Як нуктаро таъкид мекунам, ки мо ин соҳаро дар зинаҳои барвақтӣ дар доираи таҳсилоти расмӣ таъмин намоем. Ошкоро мегӯем, ки вақте чорабиниҳои худро марбут ба техналогияиҳои коммунакатсионӣ ба роҳ мемонем ва ҷавононро ҷалб мекунем, баъзан боиси тааҷуб аст, ки баъзе ҷавонони 16-17-сола мегӯянд, бори аввал бо компютер ё техналогияҳо сару кор доранд. Ин нишонгари он аст, ки бояд кушишҳоро дучанд кунем то мактабаҳо бо барқи устувор ва техналогияҳои муосир дастрасӣ дошта бошанд.»,-хитоб намуд намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Дар Форуми “Tech Jam 2024” натиҷаҳои ба дастомада дар чаҳор соли охир, таҳсилоти фосилавӣ низ баҳсу баррасӣ гардид. 

Дар муҳокимаву бахшҳои алоҳида мавзӯҳое чун маҳорати рақамӣ, ояндаи таҳсилоти онлайн дар асоси AI ва ғайра ба баҳс кашида шуд.

Акси асосӣ аз ilmhona.org/tech-jam

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад