БИЗНЕС-КЛУБАввалин бор маҳсулоти варзишии Тоҷикистон дар ISPO Munich муаррифӣ...

Аввалин бор маҳсулоти варзишии Тоҷикистон дар ISPO Munich муаррифӣ мешавад

-

Ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон аввалин бор маҳсулоти варзишии худро дар ISPO Munich-бузургтарин намоишгоҳи маҳсулот ва либоси варзишӣ дар ҷаҳон ба намоиш мегузоранд.

Тоҷикистон дар қатори бештар аз 1500 ширкати дигар аз саросари ҷаҳон дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷорати варзишӣ – Internationale Fachmesse für Sportartikel und Sportmode (ISPO), ки аз 28-ум тo 30-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мегардад, иштирок карда, маҳсулоти худро ба ҳазорон боздидкунанда намоиш медиҳад. Чор истеҳсолкунандаи либоси варзишии Тоҷикистон – “Ваҳдат Текстил”, “Гулистони Душанбе”, “Ноҳид” ва “Раҳимов A.A.” дар ин намоишгоҳ ҷӯробҳои варзишӣ, футболка ва поло, либоси муҳорибаҳои танбатан (кимоно, либоси муштзанӣ, кафшҳои муҳорибавӣ ва ғ.), либоси махсуси дастаҳои варзишӣ, жемпер ва костюмҳои варзишӣ, бастаҳои либосаи варзишӣ ва ғайраро ба маъраз мегузоранд. Онҳо, ҳамчунин, бо навтарин ва замонавитарин таҷҳизот, пойафзол ва либоси варзишии истеҳсоли брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ  ва бо тамоюлоти пешқадамтарини соҳаи варзиш ва тандурустию фитнес дар дунё ошноӣ пайдо мекунанд.

Иштирок дар намоишгоҳи ISPO ибтикори муштараки МТБ ва GIZ мебошад.

Акс аз сомонаи https://www.cmdsport.com/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад