БИЗНЕС-КЛУБҒолиб $2500 ба даст меорад ва аз қароргоҳи...

Ғолиб $2500 ба даст меорад ва аз қароргоҳи NASA дидан мекунад

-

Барои иштирок дар озмуни байналмилалии «NASA Space Apps 2022» сабти ном оғоз шудааст.
«Гӯшаи амрикоӣ» дар Душанбе тариқи саҳифаи фейсбукии хеш хабар медиҳад, ки ҳакатони бузургтарин дар Душанбе рӯзҳои 1-2 октябр баргузор мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд дастаи худро то 28 сентябр бо истифода аз истиноди Taplink сабти ном кунанд.
Дар ин чорабинии ҷаҳонӣ барои барномасозон, илмомӯзон, тарроҳон, ҳикоянависон, созандагон, технологҳо ва ғайра дар шаҳрҳои саросари ҷаҳон аст, ки дар он дастаҳо маълумоти ройгон ва дастраси NASA -ро барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар Замин ва кайҳон истифода мебаранд».
Хароҷоти ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби баргузоркунандагони озмун пардохт карда мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои ҳакатон 2500 долларро ташкил медиҳад ва агар дастае ба 10 тими беҳтарини ҷаҳон дохил шавад, метавонад ба қароргоҳи NASA дар Амрико равад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад