БОЛТаҳсилу кори блогерӣ дар як замон. Муҳтавои наворҳои Мирвайс...

Таҳсилу кори блогерӣ дар як замон. Муҳтавои наворҳои Мирвайс чист?

-

Мирвайс Мирвайсов донишҷӯи соли дуюми риштаи барномасозӣ дар Ҳиндустон аст. Ӯ дар барномаи “Бол” аз таҳсилу зиндагияш ба мо қисса кард.

Мирвайс то соли 2021 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд ва тариқи барномаи “Study in India” ба Ҳиндустон роҳ ёфт. Барномаи мазкур ба ҷавонони хориҷ имкони таҳсил дар ин кишварро медиҳад.

Мирвайс ройгон таҳсил мекунад ва хобгоҳ, таъмини ғизову нақлиёт низ аз ҳисоби муассисаи олӣ аст.

«Дар донишгоҳ ҳамроҳи мо аз 65 давлати дунё таҳсил мекунанд. Ҳар рӯз бидуни танаффус 6 соат дарс мехонем. Дарсҳо дар умум хуб ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир забонҳои барномасозиро меомӯзам. Муносибати муаллимон хуб аст.»,-мегӯяд Мирвайс.

Ҳамхонаи Мирвайс дар хобгоҳ аз Гана аст. Бо ҳам муносибати бародарона доранду мақсад гузоштаанд, ки соли оянда ба Тоҷикистон оянд ва соли 2024 ба Гана. Хуллас, аз дарсу донишгоҳ, хобгоҳу ҳамкурсонаш розист.

Мирвайс блогерӣ низ мекунад бо муҳтавои ҳаҷвияш чанд вақти охир сербинанда аст. Ӯ ҳоло дар Instagram зиёда аз 20 ҳазор обуначӣ дошта, ҳамарӯза наворҳои нав пешниҳод мекунад.

«Дар аввал рэп мехондам ва дар Instagram мегузоштам, вале муваффақ нашудам. Сипас навори ҳаҷвие таҳия кардам, ки аз ҷониби мардум хуб қабул шуд. Ҳамин тавр, самти корам дар соҳаи блогинг муайян шуд ва ҳоло дар вақтҳои бекориям ба сабту таҳияи наворҳои ҳаҷвӣ машғулам.», — афзуд Мирвайс.

Бархе наворҳояшро 600 ҳазор тамошо кардаанд. Чандин бор саҳифаҳояш дар Tik-Tok масдуд шудаанд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
10
+1
2
+1
0
+1
1
+1
1
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад