МУВАФФАҚИЯТҲунаромӯзӣ бо ишора. Наргису Нодира чӣ гуна хайётӣ меомӯзанд?

Ҳунаромӯзӣ бо ишора. Наргису Нодира чӣ гуна хайётӣ меомӯзанд?

-

Хоҳарон Наргис ва Нодира бо омӯзгор Соҷида Ҷалолова

Хоҳарон Наргис ва Нодира бо иллати модарзодӣ ношунаво буда, инчунин сухан гуфта наметавонанд. Аммо зеҳни гиро доранд ва ба ҳар кори омӯзгор зеҳн мегузоранд.

Ҳоло ҳар ду наврас ҳунари хайётиро аз худ менамоянд то оянда бо ин ҳунар зиндагии хешро пеш баранд.

Хоҳарон ду моҳ аст, ки дар Маркази шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент хайётиро меомӯзанд. Омӯзгор бо ишора нозукиҳои хайётиро меомӯзонад.

Ҳар ду тасмим доранд, ки пас аз ба итмом расонидани омӯзиш дар деҳаи худ ба хайётӣ машғул шаванд.

Соҷида Ҷалолова дар Маркази шуғли аҳолӣ ба ҷавондухтароне, ки майли аз худ намудани ҳунари дӯзандагиро доранд, касб меомузонад. Дар қатори шогирдонаш ҷавондухтарони имконияташон маҳдуд низ ҳаст.

Абдусамад Аминов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад