ҲАЁТИ СОЛИМТаҳдидҳои нави G7 ба Русия

Таҳдидҳои нави G7 ба Русия

-

Кишварҳои G7 ба Русия таҳдид мекунанд, ки агар он дар Украина оташро бас накунад, таҳримҳоро сахттар мекунанд

Гурӯҳи ҳафт (G7) таҳдид кард, ки агар Маскав розӣ нашавад, ки ба самти Украина оташкушоиро бас кунад, таҳримҳоро алайҳи Русия шадидтар мекунад. Дар G7 ҳамчунин илова карданд, ки гурӯҳ ният дорад ҷалби тиҷорати хусусиро ба барқарорсозии ояндаи Украина фаъолтар кунад.

«Мо тасдиқ мекунем, ки мутобиқи низомҳои ҳуқуқии мо дороиҳои Русия, ки дар салоҳияти мо қарор доранд, то он даме, ки Русия барои зарари ба Украина расонидашуда пардохт накунад, беҳаракат боқӣ хоҳанд монд.»,— гуфтаанд вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказии G7.

Илова бар ин, G7 ваъда дод, ки ба баланд бардоштани эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ба Украина, ҷалби бахши хусусӣ ба корҳои барқарорсозӣ ва аз сар гирифтани фаъолияти бахши суғуртаи хориҷӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Гурӯҳ инчунин ният дорад, ки якҷоя бо Киев чораҳо оид ба роҳ надодан ба ширкати он кишварҳо ва созмонҳоеро, ки ҷангро дастгирӣ мекунанд, дар корҳои барқарорсозӣ андешад.

Вохӯрии навбатии масъалаҳои барқарорсозии Украина барои 10-11 июл дар Рим ба нақша гирифта шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад