Ширкати энергетикии австралиягии Origin Energy тасдиқ кард, ки дар натиҷаи ҳамлаи ахири киберӣ ҷинояткорон ба маълумоти шахсии тақрибан 900 ҳазор муштарии кунунӣ ва собиқи он дастрасӣ пайдо кардаанд.
Ба иттилои ширкат, ҳакерҳо ба ном, насаб, суроға, санаи таваллуд, рақами телефон ва дигар маълумоти муштариён, аз ҷумла қисми маълумоти кортҳои бонкӣ ва ҳисобҳои бонкӣ, дастрасӣ ёфтаанд.
Ширкат изҳор дошт, ки бори аввал дар аввали моҳи июл аз эҳтимоли чунин таҳдид огоҳ шуда буд, аммо дар оғоз онро ҷиддӣ қабул накард. Бо гузашти вақт маълум гардид, ки ҳамлаи киберӣ воқеан рух додааст.
Тавре ABC News хабар медиҳад, ҳафтаи гузашта як ҳакер бо расонаҳо тамос гирифта, намунаи маълумоти дуздидашудаи муштариёнро пешниҳод кардааст. Ӯ ҳамчунин намунаҳои маълумот ва аксҳои экран (скриншот)-и низомҳои дохилии ширкатро ирсол намудааст.
Директори генералии Origin Energy Франк Калабриа гуфт, ки ширкат марҳилаи аввали таҳқиқотро ба анҷом расонида, барои маҳдуд кардани таҳдид бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва коршиносони амнияти киберӣ ҳамкорӣ дорад.
Коршиносон аз паёмадҳои густурдаи ин ҳамла ҳушдор медиҳанд. Ҳамзамон онҳо таъкид мекунанд, ки вазъ метавонист боз ҳам ҷиддитар бошад, зеро шумораи умумии муштариёни Origin Energy аз 4,7 миллион нафар бештар аст.



