БИЗНЕС-КЛУБBaron бо Абдурозиқ оштӣ кард? (Видео)

Baron бо Абдурозиқ оштӣ кард? (Видео)

-

Baron (Маҷидиён Беҳрӯз Шарифӣ) рэпсарои маъруфи тоҷик ва мудири иҷроияи гурӯҳи «Avlod Media» дирӯз, 15 август баъди ҷудоии қариб яксола бо Абдурозиқ, дубора навори суҳбати рӯ ба рӯяшро бо Абдурозиқ нашр кард. Дар навор, ки худи Беҳрӯз онро сабт ва тариқи инстаграм нашр кардааст, дида мешавад, ки Абдурозиқ сари миз тарбуз мехӯрад ва ҳар ду бо ҳам шӯхӣ мекунанд.

«Ту фикр кардӣ, ки ман намеёбамат. Дар радио овозаҳо ҳаст, ки ту маро кидат кардаӣ. Ман туро кидат кардам, фаҳмидӣ?!»,-мегӯяд Беҳрӯз. Дар посӯх Абдурозиқ бо табассум ҷавоб медиҳад, ки шумо маро кидат кардед, Хуҷанд рафтед…

Беҳрӯз дар навори дигаре мегӯяд, баъд аз як рӯз шарҳ медиҳад, ки чӣ воқеа рӯх дод.

Бо гузашти як рӯз аз нашри видео, Беҳрӯз дар видеои дигаре ин амалашро блогинг унвон карда, таъкид менамояд, ки навори суҳбаташ бо Абдурозиқ аз бойгониаш буда то ҳол муносибаташ бо Абдурозиқ беҳ нашудааст. Ҳар ду то ҳол якдигарро дар рӯйхати сиёҳи дӯстонашон нигоҳ медоранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2021 рэпсаро Барон як навореро пахш карда дар он Абдурозиқро ба “хиёнат”  айбдор кард ва аз ҷудоиаш бо ин сароянда хабар дод.

Абдурозиқ низ дар навбати хеш ба Беҳрӯз посӯх дода буд, ки маблағҳои бадастоварда ноодилона байнашон тақсим мешавад.

 

View this post on Instagram

 

A post shared by Behruzi Sharifi (@barontajk)

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
0
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
2

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад