МУВАФФАҚИЯТSoftclub барои ангезадиҳӣ шогирдонро бо мутахассисони Apple, Amazon ва...

Softclub барои ангезадиҳӣ шогирдонро бо мутахассисони Apple, Amazon ва Microsoft рӯ ба рӯ мекунад

-

Нурулло Сулаймонов, роҳбари Маркази омӯзишии “Softclub”

Маркази омӯзишии “Softclub” барои ангеза додани шогирдон онҳоро бо мутахассисони ширкатҳои машҳур-Apple, Amazon ва Microsoft рӯ ба рӯ мекунад. Мутахассисони ин ширкатҳо аз тариқи zoom бо ҳар нафар алоҳида суҳбат мекунанд, ангеза медиҳанд.

Дар пойтахти кишвар наздики 10 маркази омӯзишӣ касбҳои барномасозӣ, мутахассиси SMM, мутахассиси IT, дизайни графикӣ фаъолият доранд. “Softclub” яке аз онҳост, ки барномасозиро меомӯзад ваинчунин барои олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанни информатика наврасону ҷавононро омода мекунад.

Мо бо муассис ва роҳбари маркази омӯзишии “Softclub” Нурулло Сулаймонов доир ба таъсису рушди марказ, устодону шогирдон, усули таълим ва ояндаи барномасозӣ суҳбат намудем.

Раванди дарс

“Вақти мактабхонӣ ба ин соҳа шавқ доштам. Соли 2016 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2020 онро хатм кардам. Замони донишҷӯӣ дониши худро дар ин соҳа такмил карда, пас аз хатм ба “Алиф Бонк” ба кор рафтам. Ҳамон вақт ба чанд нафар барномасозиро меомӯзонидам ва билохира, тасмим гирифтам, ки ҷиддӣ ба ин кор машғул шавам. Ҳамин тавр, моҳи августи соли 2021 як курси “онлайн” оғоз карда, бо бачаҳо кор мекардам ва имсол расман “Softclub”-ро таъсис додам. Мақсади таъсиси ин марказ теъдоди барномасозони хуби ватаниро афзӯн кардан аст.”,- гуфт Нурулло.

Ҳоло дар “Softclub” ба 100 нафар барномасозӣ ва информатика меомӯзанд. Дар ин марказ шогирдон ҳар ҳафта имтиҳон месупоранд. Омӯзгорон аз дохилу хориҷи кишвар ҳастанд.

Дар як моҳ шогирдон то 90 соат дарс мехонанд: “давоми ҳафта дар 3-6 соат барномасозиро омӯхтан номумкин аст, бояд ҷиддӣ ба омӯзиш машғул шуд. Ҳамчунин, устодон омода ҳастанд, ки дар дилхоҳ вақт ба саволу шогирдон ҷавоб диҳанд. Ҳар нафаре, ки ба маркази мо омад ё барномасоз шуда меравад ва ё ба системаи дарсии мо тоб наорвада онро тарк мекунад.”

Мутахассисони ширкатҳои бонуфузи дунё-Apple, Amazon ва Microsoft  ба шогирдони маркази “Softclub” фосилавӣ машварат медиҳанд, ки ин барои ҳавасмандгардони бачаҳо онҳо мусоидат менамояд.

Инчунин, дастпарварони “Softclub” давоми таҳсил бо лоиҳаҳои воқеии худ кор мекунанд ва дар охир марказ барои ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо кумак мекунад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
11
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

The Guardian: истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳияи роликҳои сиёсӣ бештар мегарданд

The Guardian огоҳ мекунад, ки истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳия ва паҳн кардани роликҳои сиёсӣ рӯз то рӯз бештар...

Рамзиддин Ҷӯраев: набудани муҳити дастрас моро маъюб мекунад

Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” барои маъюбон як қатор имкониятҳо пешбинӣ кардааст ва ба онҳо иҷозат медиҳад, ки худ соҳибкории...

Таҳрири нодурусти суханронии Трамп сари ду роҳбари BBC-ро хӯрд

Таҳрири нодурусти суханронии президенти ИМА Доналд Трамп боиси истеъфои ду раҳбари баландпояи BBC гардид. Директори генералӣ Тим Дейви ва...

Аз Windows 11 як хусусияти муфид барои смартфонҳоро хориҷ гардид

Аз Windows 11 як хусусияти муфид барои смартфонҳо хориҷ карда шуд. Пайвастшавӣ бо телефон дигар аксҳоро аз смартфон намоиш...
spot_imgspot_img

Meta миллиардҳо доллар аз таблиғоти қаллобон ба даст меорад

Тақрибан 10% даромади солонаи Meta дар соли 2024 аз рекламаи қаллобӣ ва молҳои мамнӯъ ба даст омадааст. Meta (Facebook, Instagram...

Қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мубориза бо фассодро муассир мегардонад

Коррупсия мисли як вирус ҷомеаро аз дохил вайрон мекунад, он ба иқтисодиёт зарар мерасонад, эътимод ба ҳукуматро коҳиш медиҳад...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад