ОЛАМИ МАҶОЗӢАгар телефон ё дигар васоили электрониатонро гум кардед, пас...

Агар телефон ё дигар васоили электрониатонро гум кардед, пас чӣ бояд кард?

-

Имрӯзҳо аксарият телефони ҳушманд доранд, аммо касе кафолат дода наметавонад, ки ин дастгоҳҳо гум ё дуздида намешаванд. Вале паёмади талафот дар пайи аздастдиҳӣ гуногун аст — касе танҳо василаи иртиботро аз даст медиҳад ва барои касе аз даст додани смартфон ба талафоти молӣ ва маълумоти шахсӣ меанҷомад.

Мо тариқи телефонҳои ҳушманди хеш на танҳо занг мезанем ё SMS менависем, инчунин дар мағозаҳо пардохт мекунем, онлайн харид менамоем, интиқоли пулро анҷом медиҳем, ҳатто пасандоз мегузорем, дар Интернет маълумот меҷӯем, бо дӯстон муошират мекунем. Ҳатто кор низ мекунем.

Чӣ бояд кард?

Пароли мураккаб ва қулфи худкори экранро бо гузоштани рамзи мураккаб қавӣ гардонед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ин корро анҷом додаед. Ин хатари зуд кушода ва тафтиши телефони шуморо барои муддате аз байн мебарад.

Пас аз харид, шумо бояд функсияи ҷустуҷӯи смартфонро дар ҳолати гум шудан ё дуздӣ фаъол созед. Дар дастгоҳҳои Apple, барномаи системаи Locator вуҷуд дорад, дар системаи оператсионии Android як функсияи шабеҳ бо номи «Пайдо кардани дастгоҳи ман» ( Find My Device) мавҷуд аст. Ин ба шумо кумак мекунад, ки ҷойгиршавии дастгоҳи худро пайгирӣ кунед ва онро аз фосилаи дур идора намоед.

Барои ворид шудан ба почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, шумо бояд ду функсияи дуомиларо бо пайваст кардани рақами телефони мобилии худ фаъол созед. Инчунин, барои ворид шудан ба ҳамёнҳои электронӣ  ва дигар хидматҳои муҳим маълумоти биометриро истифода баред. Барои барномаҳое, ки ба шумо аз смартфони худ ба маълумоти арзишманд ё муомилоти молиявӣ дастрасӣ медиҳанд, воридшавиро бо омилҳои иловагӣ танзим кунед. Масалан, аз рӯи изи ангушт ё чеҳра (агар смартфони шумо дорои чунин имконият бошад). Ин барои ҳамлагарон монеаи иловагӣ эҷод мекунад.

Маълумоти зарурии телефони хешро дар додаҳои абрӣ мунтазам нусхабардорӣ кунед. Дар он ҷо маълумоти муҳимро бор кунед: аксҳо, қайдҳо, файлҳо, барномаҳо, рақами телефон ва ғайраро.

Хусусияти бахотиргирии рамзро дар барномаҳо ва сомонаҳо, ки маълумоти ҳассос нигоҳ дошта мешаванд, хомӯш кунед. Зеро, дастрасӣ ба почтаи электронӣ метавонад ба ҳамлагарон имкон диҳад, ки рамзи баъзе хадамотеро, ки суроғаи почтаи электронӣ ба онҳо пайваст шудааст, иваз кунанд.

Агар шумо дастгоҳи худро гум кунед?

Агар смартфонатонро дуздиданд ё гум шуд, шумо бояд ҳарчи зудтар амал кунед. Онҳое ки Apple-ро гум кардаанд, бояд аз дастгоҳи дастрас замимаи Locator-ро кушоянд ва мунтазир шаванд, ки дастгоҳи «гумшуда» дар харита пайдо шавад. Ҳамин корро дар сомонаи icloud.com/find анҷом додан мумкин аст — шумо бояд бо ворид кардани номи корбар ва рамз худ ба ID Apple-и худ ворид шавед.

Агар системаи оперативии телефони шумо Android аст, ба шумо лозим аст, ки вориди саҳифаи myaccount.google.com гардида, дар ҷадвали «Амният», бахши «Дастгоҳҳои шумо» ва ҷузъи «Идоракунии дастгоҳ» -ро интихоб кунед. Он ба шумо нишон медиҳад, ки дастгоҳ дар куҷо ва кай бори охир истифода шудааст.

Агар дастгоҳ барои шумо муҳим набошад ё пайдо кардани он имконнопазир аст, шумо метавонед дастгоҳро блок ё тамоми маълумотро аз он тоза кунед. Пас аз ин пайгирии мавқеи дастгоҳ ғайриимкон мегардад.

Агар шумо нахоҳед, ки дастгоҳро пурра тоза кунед, пас дар iOS шумо метавонед ҳамчун гумшуда онро қайд кунед. Дар ин ҳолат, дастгоҳ баста мешавад (аз ҷумла пардохтҳо тавассути Apple Pay), аммо маълумот нест карда намешавад, қобилияти пайгирии ҷойгиршавӣ боқӣ мемонад. Шумо метавонед дар экран паёмеро гузошта, хоҳиш намоед, ки смартфонро ба соҳиби он баргардонед. Пас аз он ки смартфон ё планшет ба соҳиби худ баргардад, онро боз кардан ва минбаъд истифода бурдан мумкин аст.

Агар дастгоҳро пайгирӣ кардан ғайриимкон бошад ва шумо боварӣ надошта бошед, ки қулф гузошта шудааст (парол, изи ангушт ё ID Face), пас ба ғайр аз тоза кардани мундариҷаи смартфон, шумо бояд рамзҳои саҳифаи иҷтимоии хешро фавран иваз намоед.

Аксҳо аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад