«Имрӯз 2,1 миллиард нафар дар ҷаҳон дастрасии кофӣ ба оби бехатар надоранд. Аксари онҳо кӯдаконанд. Ҳамарӯза беш аз 700 кӯдак бар асари бемориҳои бо оби ноамн вобаста, шароити ғайрисанитарӣ ва риоя накардани гигиена алоқаманданд, мефавтанд. Кӣ барои зиндагии нокомии онҳо масъул хоҳад буд? Оё мо ин масъулиятро барои наслҳои оянда ва фарзандони худ ба дӯш мегирем?» — нигаронӣ намуд Алия Эраҷи 11-сола аз Душанбе ва вакили Форуми ҷавонон ва кӯдакони ЮНИСЕФ оид ба об.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз 6 май дар Душанбе Форуми наврасону ҷавонон дар мавзӯи об оғоз гардида, зиёда аз 200 лидери ҷавон аз 30 кишвари ҷаҳон ҷамъ омаданд.