БИЗНЕС-КЛУБЭҳсон бозии “GTA-Dushanbe”-ро месозад

Эҳсон бозии “GTA-Dushanbe”-ро месозад

-

Эҳсон наворҳои аниматсионие месозад, ки мошинҳои ҷавонони тоҷик дар шаҳрҳои мухталиф ҳаракат мекунанд ва шахс бо дидани ин манзара бозии  машҳури “GTA”-ро ба хотир меорад.

Ӯ ният дорад, ки бозии “GTA-Душанбе”-ро сохта бо дархости муроҷиаткунанда мошинҳои онҳоро дар майдони бозӣ ворид кунад. Ҳоло дар ин самт як қатор корҳоро анҷом додааст.

«Дар аввал бисёр мехостам одами шинохта бошам. Ба хулосае омадам, ки мардуми мо аз ҳама зиёд мошинашонро дӯст медоранд ва ба таҳияи навор дар шакли 3D оғоз кардам.»,-нақл мекунад ӯ.

Эҳсон аз соли 2019 ба ин ҷода рӯй овард. Ҳоло таваҷҷуҳи мардум ба кораш зиёд гардида, ин амал ба манбаи даромадаш табдил шудааст.

«Муштарӣ ба ман муроҷиат мекунад. Ман тамғаи мошин ва рангу рақамҳояшро мушаххас мекунам. Аз шабакаи Интернет дар бораи мошин маълумот гирифта, мошинро аз аввал то охир дар барномаи махсус месозам. Дар охир рақамҳои қайди давлатии Тоҷикистонро насб карда, дар майдони бозии “GTA” онро гузошта ба ҳаракат меандозам ва ин ҷараёнро сабт намуда, ба муштарӣ пешниҳод месозам.«

Наворҳояш вобаста ба давомнокӣ аз 50 то 150 сомонӣ арзиш доранд.

Дар аввал барои омода кардани як навор 10-15 рӯз сарф мекард. Ҳоло давоми 2-3 соат аз иҷрои як супориш мебарояд.

Эҳсон мегӯяд, маҳсули эҷодаш барои мардум фароғат мебахшад. Аз ҷониби дигар, ин кор ба мардум имкон медиҳад, ки дар вақти ба фурӯшбарории мошин ба ҷойи акс навори мошинро ба харидор пешниҳод созанд.

Дар ҳоли ҳозир наворҳои қаҳрамони мо дар Instagram аз 10 то 600 ҳазор бинанда доранд ва ӯ то имрӯз намоди 360 мошинро сохта, навор таҳия кардааст.

Эҳсон хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Бохтар аст ва ҳоло дар як ширкати таксӣ ба ҳайси дизайнери графикӣ фаъолият дорад.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
10
+1
6
+1
2
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад