МУВАФФАҚИЯТМуҳоҷирон чаро Русияро ба Аврупо иваз карданд?

Муҳоҷирон чаро Русияро ба Аврупо иваз карданд?

-

Муҳоҷирати меҳнатӣ як раванди табиист, ки нерӯи кории кишварҳои ҷаҳони сеюм аз сар мегузаронанд.

Тибқи иттилои расмӣ, аксари корҷӯёни кишвар ба Русия ва қисме ба Қазоқистон, Белорусия  сафар мекунанд. Реҷаи бидуни раводид  ба ин кишварҳо муҳоҷиронро ба ин давлатҳо моил месозад.

Аммо ҳастанд нафароне, ки бо ин кишварҳо маҳдуд намешаванд, шароити хуб, кори муносиб ва маоши беҳтар мехоҳанд.

Қаҳрамонони навбатии мо, ки таҷрибаи муҳоҷират дар Русияро доштанд, акнун фаротар аз ин кишвар рафтанд. 

Низомидин Холбоев

Низомидин Холбоев, сокини шаҳри Панҷакент буда, пас аз хатми донишгоҳ муҳоҷиратро пеша кард. Чанд сол ба Русия мерафт.

Бо тавсияи дӯстон, аввал ба кишварҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ба кор рафта чанд муддате фаъолият кард. Бо мақсади пайдо намудани имкониятҳои нав тариқи Русия ба Бритониёи Кабир ба кор рафта, муддате онҷо фаъолият намуд.

Ҳоло ба зодгоҳаш-Панҷакент баргаштааст. Муҳоҷирати Низомиддин тӯлонӣ нест ва ҳамасола ба ба дидорбинии пайвандонаш меояд.

Шодмон Ашуров

Шодмон Ашӯров зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд буда, дар Русия ба сохтмон машғул буд, вақте қоидаи будубош дар Русияро вайрон кард, ҳаққи ворид шудан ба Русияро аз даст дод. Сипас пайи ҷустуҷӯи кишварҳои нав барои муҳоҷират шуд. Ҷустуҷӯҳои зиёди Шодмон ба ӯ имконият доданд, ки раводиди яксола гирад ва дар Варшава ба кор равад. Айни ҳол Шодмон дар Варшава қарор дорад.

Абдусамад Аминов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад